Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ исломгарои узбак дар Тоҷикистон "боздошт шудаанд"


Рӯзи душанбе Ҳумдин Шарифов - вазири умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар кишвар 10 узви Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод масъули ҷиноятҳои сангин дониста мешаванд.


Оқои Шарифов меафзояд, амалҳои теруристии канори сохтмони вазорати умури изтирорӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи пулис дар ноҳияи Конибодом ва Исфара, ҳамла ба шуъбаи умури дохилии шаҳри Қайроққум дар моҳи январи соли ҷорӣ, қатли корманди вазорати дифоъ аз сӯи аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба амал омадааст.


Ӯ мегӯяд, нафарони боздоштшуда дар Узбакистон ва Афғонистон таълим дидаанд ва аслан ба таври ғайриқонунӣ аз Узбакистон вориди кишвар шудаанд. Ба эътиқоди вай, се нафари боздоштшуда шаҳрванди Узбакистонанд, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандонро барои шомил шудан ба ин ҷунбиш тарғиб мекунанд.


Вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 42 нафар узви ҳизби мамнӯъаи Таҳрир боздошт шудаанд, ки беш аз 20 нафари онҳо зан мебошанд.


Аммо Оқои Шарифов гуфт, дар маҷмӯъ сатҳи табаҳкорӣ дар кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 3 дар сад коҳиш ёфта ва беш аз 6200 мавридро ташкил медиҳад. Ӯ меафзояд, мутаассифона мизони табаҳкорӣ миёни ноболиғон 17 дарсад афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ, ҳудуди 400 ҷурм бо ширкати ноболиғон сурат гирифтааст. Ва низ як нафар ноболиғ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дастгир шудааст.

Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ», Душанбе
XS
SM
MD
LG