Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирини тоҷик дар Маскав савод меомузанд


Устондори устони Красноярски Русия бо судури як фармон бидуни сабти иқомат ба фарзандони муҳоҷирини тоҷик иҷозат додааст дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва пас аз 3 соли таҳсил шаҳрванди Русияро ба даст биёранд. Ҳайдар Алимов-раиси маркази фарҳангии тоҷикон мавсум ба "Пайванд" дар Устони Красноярск дар ин бора гуфт:

"Дар 7 ё 8 мактаби шаҳр бачаҳои тоҷик нағз забони русӣ меомузанд, бачаҳои тоҷик дар мактабҳо зиёд ҳастанд. Ба таври истисно муовини устондори устони Красноярск барои дар донишгоҳо шомил шудани бачагони тоҷик, ки шаҳрвандӣ надоранд, иҷозат дод ва бачагони тоҷик дар мудати 3 сол бояд шаҳрвандиро ба даст биёранд".

Пас аз Красноярск дигар оустонҳо ва ҷумҳуриҳои худмухтори Руссия низ барои омузишу парвариши муҳоҷирини тоҷик ва фарзандони онҳо барномарезӣ кардаанд. Барои мисол, шаҳрдории шаҳри Маскав ахиран дар бораи ташкили мактабҳои вижаи омузиши забони русӣ барои муҳоҷирин иқдом кард. Евгений Чернисов- муовини раиси кумитаи равобити минтақаӣ ва сиёсати миллии шаҳрдории Маскав гуфт, ки ин мактабҳо дар ҳар мантақаи шаҳри Маскав ташкил хоҳад шуд ва муҳоҷирин метавонанд пас аз анҷоми кор забони русӣ беомузанд:

"Муҳоҷирин на барои чанд руз вориди Русия мешаванд, балке барои муддати тулонӣ дар Руссия ба сар мебаранд ва имкон дорад теъдоди зиёди онҳо дар Руссия бимонанд".

Ташкили чунин мактабҳо ба наъфи муҳоҷирин ва Руссия хоҳад буд. Бахши аъзами муҳоҷирини корӣ аз ин барномаҳои давлати Руссия истиқбол карданд, аммо ба гуфтаи бархе дигаре аз онҳо, мушкилоти мавҷуд дар ҳуқуқи муҳоҷирин дар ин кишвар ба муҳоҷирин имкон намедиҳад дар ин мактабҳо таҳсил кунанд. Чанд тан аз муҳоҷирин дар ин бора чунин изҳори назар карданд:

Эшмат Рашидов:
"Мо шароит ба рафтани ҳамон мактабҳо надорем. Чунки аз саҳар то шом мо дар кор ҳастем ва мо вақт надорем, ки рафта дар он мактабҳо таҳсил кунем. Агар мо равем, моро пулис дастгир мекунад ва ҷарима мекунад. Ба ҳамин хотир, муҳоҷирон аз тарс аз ҳамин бозор намебароянд".

Ислом Еров:
"Мо мехоҳем, ки дар ин мактабҳои махсус дониш омузем ва забон биомузем, ба сабабе ки мехоҳем дар кучаҳои Маскав озодона сайру гашт кунем ва пулис моро азоб надиҳад. Пулиси шаҳри Маскав ба хотири надонистани забони русӣ моро азоби зиёд медиҳад".

Идораи муҳоҷирати Русия ва бархе аз таҳлилгарон дар ин кишвар низ ба ин назари муҳоҷирин мавофиқанд. Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия дар мулоқоташ бо намояндагони беш аз 50 созмони ғайри давлатӣ ва ҳуқуқи башар дар Маскав ба мавзуи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин ру овард ва гуфт, ки тибқи қавонини байналмиллалӣ Руссия муваззаф аст шароитро барои муҳоҷирин муҳайё ва аз ҳуқуқи онҳо дифоъ кунад. Владимир Путин ташкили мактабҳои русӣ барои муҳоҷиринро як бахши барномаҳои давлат дар ин замина хонд.
XS
SM
MD
LG