Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди афви умумӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст


Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар боқӣ мондани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ масъул нест. Раҳбарони Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, иҷрои ҳукми додгоҳ дар баробари муттаҳамон бар дӯши Вазорати адлияи кишвар аст ва Додгоҳи Олӣ вақту замони аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндон фиристодани шахси маҳкумшударо муқаррар намекунад. Ёдовар мешавем, охирҳои моҳи гузашта муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бо гузашти чандин моҳ аз ҳукми Додгоҳи Олӣ дар баробари Искандаров ӯ то ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешавад ва тайи ин муддат ҳамагӣ як бор бо пайвандонаш дидор дидаасту халос.
Ҳизбулло Хоҷаев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди имкони Афви умумӣ дар арафаи 15 умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз ин гуна амр ба Додгоҳи Олӣ ироа нашудааст. Агар мақомоти олии кишвар ин гуна тасмим бигирад, Додгоҳи Олӣ асноди заруриро таҳия ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумон ирсол хоҳад кард.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз оғози сол 19 парванда алайҳи 27 нафарро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бештари ин парвандаҳо дар робита ба куштор, ғорати амвол, қочоқи маводи мухадир ва таҷовуз ба номус баррасӣ ва ҳукм аз рӯи онҳо эълон шудааст. Ду парванда аз сӯи Додгоҳи Олӣ барои тафтиши дубора ба додситонӣ баргардонида шуд.
XS
SM
MD
LG