Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо барои коҳиши фақр


Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) шурӯъ аз моҳи июли соли равон ба хотири коҳиши фақр дар ду навоҳии наздимарзии вилояти Суғд - Исфара ва Ҷаббор Расулов ба татбиқи як барномаи ҷадид шурӯъ кардааст.
Мақсудҷон Орифов - масъули ин барнома дар дафтари UNDP дар Хуҷанд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби барномаи мусоидати фаннии Иттиҳодияи Аврупо (TACIS) маблағгузорӣ шудааст ва дар шаш ҷамоати навоҳии мазкур дар якуним соли оянда роҳандозӣ мешавад. Ба гуфтаи вай, барномаи паст кардани шиддати фақр дар се самт ҷараён мегирад: ҷалби қишрҳои нодори ҷомеа ба корҳои зиёд кардани даромади аҳолӣ, боло бурдани ҳосилнокӣ дар соҳоти кишоварзӣ ва чорвопарварӣ ва истифодаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ барои рушди иқтисодиёти маҳал. Дар вилояти Суғд ин нахустин таҷриба дар истифодаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ аст.
Дар бораи тарзи истифодаи маблағҳои муҳоҷирин барои рушди ҷамоатҳо Мақсудҷон Орифов меафзояд : «Ҳадафи барномаи мо ин ҷалби маблағҳои муҳоҷирини корӣ барои рушди иқтисодиёти маҳалҳо аст. Муҳоҷирини корӣ бештар маблағҳои худро барои хариди моликият ва чизҳои дигар истифода мебаранд. Аммо мо мехоҳем ин маблағ на танҳо ба худи муҳоҷирин, балки ба тамоми аҳли ҷомеа низ нафъ биёрад. Дастгирии мо чунин сурат мегирад, ки 50 дар сади маблағ аз ҷониби муҳоҷирини корӣ пардохта шуда, ними дигар аз ҳисоби барномаи мо ҳамчун грант дода мешавад. Аммо ташаббуси барномарезӣ, соҳаи фаъолият, ҷалби маблағ, идора ва ғайра аз ҷониби худи онҳост.»
Маҳкам Расулов - ҳамоҳангсози барномаи ТАСИС дар Хуҷанд мегӯяд, дар масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи аслӣ ба афзоиши теъдоди хоҷагиҳои фермерӣ ва ривоҷи соҳибкории хурду миёнаи кишоварзӣ аст. Ба гуфтаи оқои Расулов, дар ҳоли ҳозир наздики 70 дар сади сокинони Суғд дар фақр ва нодорӣ ба сар мебаранд. Ба хусус дар деҳот, ки ҷойҳои корӣ кам ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ сахту сангин аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG