Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймо дар Русия


Як ҳавопаймои тиҷории Русия бо 200 сарнишин ҳангоми фуруд омадан дар шаҳри Иркутски минтақаи Сибрӣ суқут кардааст. Хабаргузории Интерфакс гузориш медиҳад, ки ҳавопаймои Эйрбас 310 аз бонди фурудгоҳ мунҳариф шуда, ба як сохтмон бархурда ва оташ гирифтааст. Ба гуфтаи як сухангӯи вазорати изтирории Русия, ки бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс суҳбат кардааст, 43 тан аз сарнишинони ҳавопаймо ба бемористон мунтақил шудаанд ва 10 тани дигар тавонистаанд аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бибаранд. Ба гуфтаи ҳамӯ, бими он меравад, ки аксари боқимондаи сарнишинон ҷон дода бошанд.
XS
SM
MD
LG