Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши хок шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро баст


Бар асари резиши хоку гил аз кӯҳ ҳаракати васоили нақлия дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ мутаваққиф шудааст. Дӯстмурод Забиров, корманди дафтари матбуъотии вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, борандагии шадиди шаби сеюм ба чаҳоруми июли соли равон боиси лағзиши хок дар километри 327-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Тухмони ноҳияи Дарвоз шудааст. Оқои Забиров гуфт, резиши хок боиси масдуд шудани шоҳроҳ ва қатъи ҳаракати васоили нақлия дар он шудааст, аммо ба гуфтаи вай, ин ҳодиса ҳеч талафоти ҷонӣ ба ҳамроҳ надоштааст. Гуфта мешавад, дар минтақаи масдудшудаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ баландии хоки фурӯрехта 3- 5 метрро ташкил медиҳад. Вазорати умури изтирорӣ мегӯяд, феълан ҷиҳати рафъи авоқиби ҳодиса дар маҳалли вуқӯъи он як ситоди маҳаллӣ таъсис шудааст ва қарор аст бо истифода аз нерӯи он ҳаракат дар масири шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ба зудӣ аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG