Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мусодираи моликияти оилаи Оқоевро талаб кард


Аъзои порлумони Қирғизистон қарореро ба тавсиб расонданд, ки дар он ба ҳукумат тавсия дода мешавад, ҳамаи моликияти мансуб ба хешону наздикони президенти собиқ Аскар Оқоев ба моликияти миллӣ табдил дода шавад. Чандин ширкату корхона ва як осоишгоҳи бузурги Қирғизистон ба моликияти шахсии аъзои хонаводаи Оқоев табдил дода шудаанд. Қарор ба он сабаб ба миён омад, ки таҳқиқи парвандаҳои марбут ба ин амвол боздошта шуда, наздик ба 80 дарсади айбдоршавандагон аз бозҷӯии ҷиноӣ озод гаштаанд. Раиси ҳайъати вакилони порлумон Азимбек Бекназаров, ки ба таҳқиқи ин масъала машғул буд, ин нуктаҳоро дар гузориши худ аз таҳқиқи парвандаҳои марбут ба истихроҷ ва коркарди тилои Қирғизистон, ширкати Қирғизтелеком, корхонаи семент ё соруҷи Кант, ширкати воҳиди Гази Қирғизистон ва иттиҳоди молии Рентон-груп изҳор дошт. Вакилон бо аксарияти оро аз Додситони кулли Қирғизистон Қамбаралӣ Конгантиев талаб карданд, то аввали моҳи сентябр ин парвандаҳо ба поён расида, ба додгоҳ ирсол шаванд. Конгантиев ин мӯҳлатро ғайривоқеӣ номид ва пешниҳод кард, ибораи "дар кӯтоҳтарин мӯҳлат" ба қонун ворид карда шавад.
XS
SM
MD
LG