Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ба мулоқоти вазирони ҶӢ-8 меравад


Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико вориди Маскав шудааст. Вай имруз дар Санкт Петербург дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои ҶӢ-8 ё ҳашт кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон ширкат мекунад. Шаҳри Санкт Петербург 15-уми июл мизбони раҳбарони ин 8 кишвари пешрафта хоҳад буд. Қарор аст, дар ин мулоқот раҳбарони ин кишварҳо барномаҳои ҳастаии Иронро баррасӣ кунанд. Дируз Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар қавл дод, ки барои мубориза бо Толибон ба давлат кумак мекунад. Хонум Райс изҳор дошт, ки Амрикову Афғонистон дар мубориза бо Толибон равиш ва стротежии яксон доранд. Як рузи пеш Кондолиза Райс аз Покистон боздид ва бо парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури он кишвар мулоқот кард. Дар мулоқотҳои Исломобод ва Кобул вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG