Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърифи "шиканҷа" чист?


Радиои Озодӣ дар ибтидо аз Доррит Ри Айверсен аз Маркази пажӯҳишӣ ва бозпарварии қурбониёни шиканҷа мустақар дар Донморк пурсид, ки ин марказ чи бемороне дорад ва онҳо аз кадом кишварҳои ҷаҳон омадаанд.


- Таркиби беморони мо тағйиру таҳаввули ҷолибе доштааст. Зеро дар оғози даҳаи 1980, вақте ки маркази мо тоза таъсис ёфта буд, он маъмулан ба афроде кумак мекард, ки аз кишварҳои Омрикои Ҷанубӣ, Оржонтин ва Шилӣ омада буданд. Мо теъдоди зиёди бемороне доштем, ки аз диктотуриҳои низомии он кишварҳо фирор карда буданд. Аммо имрӯз мебинем, ки авзоъ то андозае тағйир карда. Бисёре аз қурбониёни шиканҷа дар маркази мо акнун аз ҷумлаи шаҳрвандони Ироқ, дигар кишварҳои Ховари Миёна, Афғонистон ва Иронанд. Шуморе ҳам аз Югусловии собиқ ва Офриқо омадаанд. Аммо бештари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёнаанд.

Озодӣ: Шиканҷа анвоъу шаклҳои мухталиф дорад. Оё шумо дар тӯли таҷрубиёти худ мудовои кадом як аз захмҳоро душвортар дарёфтед: захмҳои баданӣ ё равонӣ?

-Бисёре аз бозмондагони шиканҷа, ки ба маркази мо меоянд, дар Копенҳаг, дар Донморк тайи чандин сол зиндагӣ кардаанд ва зиндагии нисбатан хубу оромеро доштаанд ва бо паёмадҳои шиканҷа ба танҳоӣ дасту панҷа нарм кардаанд. Ва эҳтимолан бисёре аз онҳо дучори ҳолоте мешаванд, ки лаҳзаҳои талхи шиканҷа дубора ба зеҳнашон меояд ва ҳамон ҷост, ки дармони равонии он фард муҳимтар мешавад. Зеро аз замони вуқӯъи он шиканҷа оби зиёде аз осиёбҳо рехтааст ва захмҳои баданӣ ё ҷисмонии вай шифо ёфта, аммо захми равонӣ ҳанӯз илтиём мехоҳад. Дастикам он афроде, ки пеши мо меоянд, чунинанд.

Озодӣ: Шумо ба беморони худ чи навъи муъолиҷаро арза мекунед?

-Муъолиҷаи мо инфиродӣ ва гурӯҳист ва дармони хонаводагӣ ҳам дорем. Вақте ки бозмондагони шиканҷа ба маркази бозпарварии мо муроҷеъа мекунанд, аз вазъияти онҳо арзёбие сурат мегирад, то дарёбем, ки оё воҷиди шароити муъолиҷа ҳаст ё на. Ва онгоҳ наҳваи муъолиҷаи якояки беморон барномарезӣ мешавад ва бино бар он барнома муъолиҷаи бемор ба шакли инфиродӣ ё гурӯҳӣ анҷом мешавад. Ва дар ҳар ҷаласаи муъолиҷа чаҳор корманди марказ ҳозиранд, як мададкори иҷтимоъӣ, як пизишк, як пизишки тандармонӣ ё физиотерапист ва як равонпизишк.

Озодӣ: Оё гуфтугӯ ба забонҳои мухталиф кормандони шуморо бо чолишҳои мунҳасир ба фарде рӯбарӯ намекунад?

-Бале, хеле зиёд. Ва мусалламан мутарҷимҳо ба мо кӯмак мекунанд. Ва дар ҷаласаҳои муъолиҷаи гурӯҳӣ мо саъй мекунем мардумро бо таваҷҷуҳ ба забони муштаракашон ба гурӯҳҳои мушаххас тақсим кунем. Масалан, ҳамин ҳоло мо як гурӯҳ мардони арабизабон дорем ва қарор аст аб зудӣ кор бо як гурӯҳи иронӣ ё форсизабонро шурӯъ кунем.

Озодӣ: Дар пайи ҳамалоти 11 сентябри 2001 ба вижа дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико баҳсҳое дар гирифт дар мавриди ин ки аслан шиканҷа чист ва оё ҳаргиз метавон шиканҷаро тавҷеҳ кард ё на. Ҷомеъаи байнулмилалӣ дафтари раисиҷумҳурӣ Ҷорҷ Бушро бар сари боздоштгоҳи Гуантанамо шадидан сарзаниш кард. Ва сиёсати Омрико дар мавриди фиристодани афроди мазнун ё гумонбар ба аъмоли терруристӣ ба кишварҳое, ки шиканҷа дар он ҷо роиҷ аст, бар шиддати ин интиқодҳо афзуд. Ба назари шумо, оё ҷаҳон дар ростои решакании шиканҷа як қадам ба ақиб гузоштааст?

-Возеҳ аст, ки он чи пас аз 11 сентябр дидем, навъе зарба буд ба корзори зидди шиканҷа. Дар гузашта кишварҳои мухталиф дар ростои манъи шиканҷа мекӯшиданд ва дар мавриди ин ки шиканҷа чист ва чи гуна метавон шиканҷаро таъриф кард, як навъ тавофуқи куллӣ вуҷуд дошт. Акнун ин мавзӯъ каме печида шудааст. Вале мо умедворем, ки ҳанӯз кишварҳое ба монанди Донморк ё Дания ҳастанд, ки мехоҳанд мавзӯъи шиканҷаро дар дастури кори байнулмилалӣ ҳифз кунанд. Мо ҳанӯз нишонаҳои мусбатеро мушоҳида мекунем.

Озодӣ: Бархе аз мақомоти иттилоъотӣ ва низомӣ, ҳамчунин сиёсатмадороне дар Омрико, истидлол мекунанд, ки шеваҳои сахтгиронаи бозпурсӣ ва истинтоқ, ки алайҳи афроди мазнун ба аъмоли терруристӣ ба кор меравад, зарурист ва шиканҷа маҳсуб намешавад. Иддае дигар бо ин иддаъо мувофиқ нестанд ва талош мекунанд, ки ин шеваҳои бозпурсӣ мамнӯъ шавад. Ба назари шумо, оё таърифи истилоҳи шиканҷа кори сода аст ё душвор? Оё мо бояд пас аз 11 сентябр таърифи "шиканҷа"-ро бознигарӣ кунем?


-Таърифи "шиканҷа" дар Кунвонсиюни Созмони Милал, ки аз соли 1986 бад-ин сӯ муътабар маҳсуб мешавад, омадааст. 141 кишвари ҷаҳон он паймонро тасвиб кардаанд ва бо таърифи "шиканҷа"-и он мувофиқанд. Аз ин рӯ, агар ҳамон таъриф риъоят шавад, мушкиле дар кор нахоҳад буд. Аммо дар худи ҳамон таъриф ҳам мавориде ҳаст, ки ташхиси шиканҷаро мушкилтар мекунад. Вале созмонҳое ба монанди ташаккули ман бояд ҳамон таърифро маҳаки кори худ қарор диҳанд. Дар Кунвонсиюни зидди шиканҷа омадааст, ки ҳич чизе иҷрои шиканҷаро муътабар намесозад. Ва ҳадафи мо ҳам ҳамин аст. Ва агар мо дар ҷиҳати лағви ин таъриф ҳаракат кунем, ба гирдобе меуфтем, ки ҳаргиз ба поён нахоҳад расид.
XS
SM
MD
LG