Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмону Аргентина дар бозии чорякфинали Ҷоми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешаванд


Олмону Аргентина дар бозии чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳам қуваозмоӣ мекунанд.
Дирӯз дар шаҳри Мюнхен мунтахаби футболи Олмон дастаи Шветсияро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб намуда, аввалин роҳхат ба бозиҳои чорякфиналиро касб кард. Ҳар ду тӯбро дар қисмати аввали бозӣ ҳуҷумкунандаи ҷавони Олмон Лукас Подолски ба ҳадаф расонд. Дар бахши дуюми бозӣ футболбози собиқадори швед Ҳенрик Ларсон зарбаи 11-метраро ба ҳадаф нарасонд.
30 июн дар Берлин дар бозии чорякфиналӣ Олмон бо Аргентина қуваозмоӣ хоҳад кард.
Дирӯз дар шаҳри Лейптсиг Аргентина бо ҳисоби 2 бар 1 Мексикаро шикаст дод.
Ин бозӣ бо ҳуҷумҳои пай дар паи Мексика оғоз ёфт ва дар дақиқаи 6-ум капитани мунтахаби Мексика Рафаэл Маркес тӯбро ба ҳадаф расонд. Ҳуҷумҳои ҷавобии дастаи Аргентина дар охири бахши аввали бозӣ натиҷа овард. Футболбози аргентинӣ Ҳернан Креспо ҳангоми зарбаи кунҷӣ тӯбро ба тӯри дарвозаи Мексика ворид намуд.
Дар навад дақиқаи аввали бозӣ дастаи пирӯз маълум нашуд ва аввалин дафъа дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2006-ум дастаи пирӯз дар вақти иловагӣ муайян гашт. Дар бахши аввали вақти иловагӣ ниммуфоҳизатгари аргентинӣ Макси Родригес аз масофаи 17 метр зарбаи нишонрас зад. Мексика ба ин гол ҷавоб дода натавонист.
Имрӯз ду бозии дигари ҳаштякфинал доир мешавад.
Дар шаҳри Штутгарт мунтахаби Англия бо Эквадор ва дар шаҳри Нюрнберг Португалия бо Ҳолланд рӯ ба рӯ мешаванд.
Дирӯз дар шаҳри Штутгарт ҳаводорони англис ва олмонии футбол бархӯрд намуданд. Полис наздик ба сад нафарро боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG