Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ном ва ахлоқи журналист


Ин нома дар даст, сӯҳбате оростам бо Мудири вобастаи нашарот дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, хонуми Ҷойс Девис (Joyce Davis), ки тасодуфан рӯзе пеш дар шабакаи интернет, суханони ӯро дар ҳамин мавзӯъ хондам. Вай менависад, кӯшиши сохтани номи худ барои журналист шояд аз шӯҳратхоҳии ӯ маншаъ мегирад, вале метавонад, ба камолоти ҳирфаии вай кӯмак кунад. Ҷойс Девис ин нуктаҳоро замоне навиштааст, ки дар National Public Radio -- Радиои умумимиллии ҷамъиятии Иёлоти Муттаҳида кор мекард ва сӯҳбати мо низ аз он сар шуд, ки хостам, дар бораи ин радио каме иттилоъ диҳад:

"Пеш аз ҳама ин радио радиои давлатӣ нест. Ин радиоест, ки маҷлиси Амрико таъсис додааст, то дар хидмати мардум бошад. Ин як муассисаи хусусӣ аст, ки набояд ҳадафи гардишҳои бозору тиҷорат гардад. Радиои умумимиллии ҷамъиятӣ эҳтимолан маҳбубтарин ва пурхабартарин шабакаи нашаротӣ дар Иёлоти Муттаҳида аст. Ва солҳои охир маҳбубияту эътибори он ба маротиб боло меравад, чунончи одамони сарватманде пеш аз марг сарвати худро ба ин радио мерос мекунанд, зеро мефаҳманд, ки чи андоза Радиои умумимиллии ҷамъиятӣ барои мардум ва кишвар муҳим аст."


Хонуми Ҷойс мегӯяд, Радиои умумимиллии ҷамъиятӣ як шабакаи ҷиддист ва вазифаи аввалиндараҷаи он расондани хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин фарҳангист. Бо вуҷуди бархе аз нақиза ва танзҳои сиёсӣ, радио асосан ба хабар ва таҳлил диққати бештар медиҳад ва кӯшиш мекунад, ба умқи ҳар воқеъа сар занад, таҳқиқ кунад.

Ин муаррифии коргоҳе буд, ки Ҷойс Девис дар он солҳо кор кардаву онро донишгоҳи дувум, аммо асосии журналистии худ мешуморад. Ва акнун саволи як шунавандаи мо, бо номи Дилрабо, ки навиштааст, мехоҳад, журналисти хуб ва машҳур шавад, зеро, мардум чунин муаллифонро эҳтиром мекунанд, ҳатто дӯст медоранд ва ба суханшон бовар мекунанд. Дилрабо мепурсад, аммо барои расидан ба ин қулла оё як хатмкунандаи донишгоҳ аввалин қадами худро чигуна бигузорад? Хонуми Ҷойс, ба Дилрабои мо чӣ посух медиҳед?

Ҷойс Девис: "Аввалин чизе ки аз номаи ӯ шунидам, ин аст, ки мехоҳад, журналисти хуб шавад. Ва ҳамчунин мегӯяд, журналисти машҳур шавад, зеро фикр мекунад, чунин афрод ба зиндагӣ таъсир доранд. Посух ин аст, ки бале, журналистон ба ҳаёт таъсири муҳим доранд, вале дар як ҷомеаи мардумсолор, ки битавонанд, маълумоти дақиқ ва дурустро ба мардум расонанд. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон додаанд, баъзан журналистони ҷавон дарк намекунанд, ки ин касб ба маънии "ҳар чӣ мехоҳам-мекунам" нест ва мақсад ин нест, ки ҳарчи хоҳам менависам, то ақидаи худро баён дорам. Ин кори журналисти хуб нест. Журналисти хуб бояд ба мардум иттилоъи ботавозун расонад, ки дар он назари ҳамаи тарафҳо мавҷуд бошад, ҳатто тарафе, ки шумо ҳамфикраш нестед. Масалан, мо дар бораи чизҳое хабар медиҳем, ки худ аз онҳо розӣ нестем, аммо бояд маълумоти аниқ ва ҳамаҷонибаро ба мардум расонем. Ман барои шумо як мисол меорам. Боре ба ман супориш шуд, аз раҳпаймоии гурӯҳи Ку-клус-клан, гурӯҳи нажодпарасте гузориш диҳам, ки ба қатли сиёҳпӯстон ва яҳудиён дарҷануби Амрико даъват мекунад. Ман зани сиёҳпӯст ба ин раҳпаймоӣ рафтам ва аз он гузориш додам. Вазифаи ман ин набуд, бигӯям, ки ин хуб аст ё бад, балки гузориш диҳам, ки чӣ рӯй дод, чӣ гуфта шуд, ин чӣ созмон аст.
Хулоса, ман ба Дилрабо пешниҳод мекунам, ҳамчу қадами аввал ба гузориш додан аз мавзӯъҳои мушкил шурӯъ кунад. Вай бояд ин мавзӯъҳоро ёбад, аз он гузориш диҳад ва навиштаи худро ба нашрияҳо пешниҳод кунад ва ё сомонаи интернетии худро боз кунад ва дар он ҷо нашр намояд. Дар давраҳои мо чунин имконият мавҷуд набуд. Аммо набояд тамаркуз ба шӯҳрат ё қудрат кунад, балки ба хидмати ом, хидмати мардум."


Хидмат ба мардум дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон кори осон нест. Аз як сӯ назорати давлат ба расонаҳо то рафт шаклҳои гуногун ва муассир пайдо мекунад ва аз сӯи дигар падидаи наве намоён мегардад, ки сиёсатбозӣ ва харидуфурӯши ширкатҳои сарватманд ва пулдорони алоҳида ниқоби матбуоти озодро ба рӯ мекашад. Дар чунин шароит хидмати софдилона ба мардум чӣ гуна имконпазир буда метавонад?

Ҷойс Девис: "Ба фикри ман журналист будан яке аз мушкилтарин касбҳост. Чаро? Зеро дар бисёре аз бахшҳои ҷаҳон ин як ҳирфаи хатарнок аст. Ҳукуматҳо, одамони қудратманд, талош мекунанд, расонаҳоро дар зери назорати худ дошта бошанд. Дар ҷомеъаҳои озод ширкатҳои бузург, соҳибкорони сармоядор низ мехоҳанд, риштаҳои матбуотро дар даст дошта бошанд. Ин як нигаронии воқеъист. Ба фикри ман, журналистон бояд то ҷое ки метавонанд, ба таври оқилона, сари пойи худ биистанд ва роҳи дурусти муборизаи худро пайдо кунанд. Ба ёдам мерасад, ки ҳатто дар Иёлоти Муттаҳида, вақте ман дар бораи ноҳаққиҳои марбут ба манзил гузориш медодам -- Чаро одамони муайян ба сиёҳпӯстон иҷора додан намехоҳанд? Ман номи чунин як ширкати бузурги моликияти ғайриманқулро муайян кардам ва далелҳо ёфтам, ки ба чунин аъмол машғул аст, вале иҷозаи ин дода нашуд, ки номи ширкатро фош кунам, зеро он яке аз таъминкунандагони асосии огоҳиҳои тиҷоратӣ буд. Пас мо фурсати мусоиде пайдо кардем, ки масъаларо ба таваҷҷӯҳи соҳибони ширкат расонем ва бо роҳи мусолиматомезе тавонистем, номи ширкатро нашр кунем."

Хонуми Ҷойс Девис, мудири вобастаи нашарот дар РАО-РО ба ин назар аст, ки озодию истиқлолияти матбуот аз бисёр ҷиҳат ба озодию истиқлолият ва ахлоқи ҳар як журналист бастагӣ дорад.
Боз ҳам ба ҳайси машварат ба Дилрабо, мухлиси барномаи мо, ки мехоҳад, журналисти хубу хушноми тоҷик шавад, хонуми Ҷойс мегӯяд:

"Озодии журналист бисёр муҳим аст ва аммо ба шахсияти инсонии ӯ пайванд мегирад. Журналисти воқеъӣ, касе ки гузориш медиҳад, то куҷо боодоб аст? Хислати инсонии ӯ чигуна аст? Оё вай дар воқеъ ростгӯ ва ҳақиқатдӯст аст? Масалан, ман агар гузоришгари иқтисодӣ бошаму дар бораи ширкате хабар диҳам ва аз ин ширкат моле ба ҳадия гирам, гузориши ман зоҳиран бомувозанат ва боварбахш нахоҳад буд. Пас мо бояд ба ахлоқи фардии журналист нигоҳ кунем ва бубинем, вай чигуна назари тарафҳои гуногунро дар миён мегузорад. Оё вай бо одамони соҳибқудрат дӯстӣ дорад? Агар дӯст аст, пас мустақил буда наметавонад. Ин ба фикрам, муҳимтарин нуктаест, ки як журналисти ҷавон бояд бидонад ва бидонад, ки одамони қудратманд кӯшиш хоҳанд кард, дӯсти ӯ шаванд, зеро дар фикри онанд, ки ӯро зери назорат бигиранд. Биноан, вай бояд ҳамеша ҳушманд бошад, ки истиқлолияти худро нигоҳ дорад. Устоди журнализми ман замоне ба ман чизе гуфт, ки он вақт ба назарам, булаҷаб намуд. Вай гуфт: Журналист ҳаргиз дӯсту рафиқ нахоҳад дошт."

Ташаккур, хонуми Ҷойс Девис, собиқ журналисти Радиои умумимиллии ҷамъиятии Иёлоти Муттаҳида ва ҳоло Мудири вобастаи нашароти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дидем, ки ному симо ва сабку ҳатто нирӯи журналист аз ахлоқи ӯ, росткорию ростқавлӣ ва ҳақиқатнигории вай сарчашма мегиранд.
XS
SM
MD
LG