Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари шуришиёни Чечен кушта шуд


Рамазон Қодиров-нахуствазири Чеченистон гуфтааст, Абдулҳалим Саъдуллоев-раҳбари ҷудоихоҳони Чеченистон имруз дар наздикии шаҳри Грозний кушта шудааст. Ҷудоихоҳон Саъдуллоевро раиси ҷумҳурии Ичкерия, яъне Чеченистон медонистанд. Ба гуфтаи Рамазон Қодиров, Саъдуллоев дар шаҳраки Арғун, дар зодгоҳи худ ба қатл расидааст. Баъд аз куштори Аслан Масҳадов Саъдуллоев раҳбарии нируҳои ҷудоихоҳи Чеченистонро бар уҳда дошт. Алӣ Тагиров-раиси пулиси Арғун гуфтааст, нируҳои вижа дар як амалиёт Саъдуллоевро замоне ба қатл расонданд, ки вай муқовимат нишон додааст.
XS
SM
MD
LG