Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузории Амрико ба риштаи инержии Тоҷикистон


Бунгоҳи тиҷорат ва рушди Иёлоти Муттаҳида ба Вазорати инержии Тоҷикистон барои таҳқиқ ва таҳияи барномаи интиқоли нирӯи барқ ба Афғонистон ва Покистон 800 ҳазор доллар кӯмак кард. Дар ин бора сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, иттилоъ дода, гуфтааст, ин созишномаро ноиби вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва марказӣ Ричард Баучер ва ноиби нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар Истамбул ба имзо расонданд. Сармояи мазкур ба омӯзиши захираҳои нирӯи барқи минтақа, имкониятҳои ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтани нирӯи зиёдатӣ ва бунёди зербинои муносиби ин барнома харҷ шавад. Таҳқиқи барнома бо дархости Тоҷикистон аз тарафи ширкати амрикоии ҷараён хоҳад ёфт ва дар сурати зарурат ин ширкат метавонад, барои ин маблағҳои иловагӣ пайдо кунад. Иёлоти Муттаҳида як барномаи куллиро дар пеш гирифтааст, ки тибқи он нирӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Покистон интиқол дода шавад. Гуфта мешавад, нархи кулли ин барнома ба 8 миллиард доллари амрикоӣ баробар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG