Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирoни тоҷик дар сохтмонҳои Маскав


Дар Маскав ва атрофи он беш аз 100 ҳазор тоҷикони муҳоҷир кор ва зиндагӣ мекунанд. Аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар сохтмонҳои Русия кор мекунанд. Дар замоне, ки аксари муҳоҷирони корӣ ба далели надоштани иҷозати кор ва сабти иқомат мавриди таъқиби ҳамешагии пулис қарор доранд. Шарифбек Садридинов сокини деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашти Тоҷикистон мушкилоти аслии муҳоҷирони кории тоҷикро дар Маскав чунин тавзеҳ дод:

«Ман дар сохтмон кор мекунам, мушкилии мо дар он аст, ки мо озод гашта наметавонем. Мушкилии дигар дар он аст, ки бо гуноҳи дудоруфуруш ҳамаи тоҷикон дар Маскав бадном шудаанд.»

Шарифбек Садридинов дар як сохтмони шаҳри Маскав ба ҳайси арматурбанд кор мекунад:

«Дар сохтмон аз соати 8 саҳар то соати 8 шом кор мекунем. Мо хонаҳои бисёртабақа дар Маскав месозем, мо ҳар руз 11 соат пура дар сохтмон кор мекунем, дар байни ин як соат барои нон хурдан вақт дорем тамом, дигар мо вақти истироҳат надорем».


Ҳамчунон оқои Шарифбек гуфт, ки муҳоҷири тоҷик баъд аз омадан ба Маскав дар 3 рузи аввал дар идораҳои пулис сабти иқомат кардан наметавонад, чунки барои сабти иқомат асноди зиёд ва розигии соҳиби манзил даркор аст. Вай афзуд, дар идораҳои пулис муҳоҷиронро фақат барои 3 моҳ сабти иқомат мекунанд ва агар муҳоҷири тоҷик дар ин 3 руз имкони сабти иқомат пайдо кунад ва худро барои 3 моҳ сабти иқомат кунад хоҳу нохоҳ муҳоҷири тоҷик дар 3 моҳ ҷои кори дилхоҳ намеёбад. Дигар коргари сохтмон Мадҷид Ҳасанов-сокини вилояти Хатлони Тоҷикистон дар бораи мушкилоти муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия чунин гуфт:

«Муҳимаш ҳамин аст, ки мо аз ҳамин дари сохтмон баромада наметавонем, агар саромонро берун кунем, ҳамон лаҳза пулис моро дастгир мекунад. Сабти иқомат гарон аст, агар сабти иқомат кунем пулис онро қалбакӣ гуфта моро аз Русия истирдод мекунад.»

Оқои Маҷид мегуяд, корфармоён дар Маскав бо муҳоҷири корӣ шартномаи корӣ имзо намекунанд:

«Мо дар назди корфармоён ин масъаларо мондем, аммо корфармоён ба мо гуфтанд, ки хоҳед ғайриқонунӣ кор кунед, нахоҳед бароед равед. Барои корфармоен ин фоидааст, ки муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ кор кунанд, чунки кореро, ки мо да 5 ҳазор рубл анҷом медиҳем, мардуми маҳалии Руссия ба 20 ҳазор рубл намекунад, ин як мисоли одист».

Ахиран Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар ҷаласаи шурои амният гуфт ки Русия ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Маркази ниёз дорад. Аммо муҳоҷирон бояд ба фарҳанг забон ва шароити зисти Русия худро мутобиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG