Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санади марбут ба Ӯзбакистон дар порлумони Тоҷикистон


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи оро санади пайвастани Ӯзбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро тасдиқ кард.
Абдулло Юлдошев- муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ,ки лоиҳаи санади мазкурро ба вакилон тавзеҳ мекард гуфт Ӯзбакистон дар моҳи январи соли равон ба ин Иттиҳод бипайваст ва акнун навбати ниҳодҳои қонунгузории кишварҳои узв аст, ки бо таъйиди ин протокол ҳамагуна мавонеи ҳуқуқӣ дар ин заминаро бартараф кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл Рамазон Абдулатифов –сафири Русия дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард, бо ин вуҷуд, ки Ӯзбакистон узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро пазируфт аммо ба иллати омода набудан мӯҳлати иҷрои асноди ин Иттиҳодро то як соли дигар мавқуф гузоштааст.

Аз ҷумлаи шароити узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё лағви низоми раводид миёни кишварҳои узв мебошад. Абдулло Юлдошев- муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт ҳоло ин масъала мавриди баррасии мақомоти Ӯзбакистон қарор дорад. Ин дар ҳолест,ки Муҳиддин Кабирӣ -вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт ӯ мутмаин нест,ки ҳукумати Ӯзбакистон низоми раводидро бекор кунад. Зеро мегӯяд оқои Кабирӣ набуди низоми раводид миёни кишварҳои узв шарти асосии Иттиҳоди мазкур аст, вале Ӯзбакистон ҳатто мӯҳлати иҷрои онро ба як соли дигар ба таъвиқ андохтанист.
Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ аз муқаррароти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар мавриди таъйини ҷойгоҳ ва мақоми кишварҳои узв ,ки вобаста ба миқдори пардохти маблағ будааст ,изҳори нигаронӣ кард ва онро як навъи нақзи ҳуқуқи кишварҳои заъиф талаққӣ кард.

Ҳамчунин дар иҷлоси ахири вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Барномаи сиёсати марзии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақилро,ки ҳадафи он таъмини амнияти марзӣ ва рушди ҳамкориҳои марзӣ миёни кишварҳои Иттиҳод муаррифӣ шуд, ба тасвиб расонд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG