Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ноиби Кофӣ Аннон ба Тоҷикистон


Шоми имрӯз Иброҳим Қамбарӣ, ноиби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар масъалаҳои сиёсӣ бо як сафари серӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мешавад. Интизор меравад, ки дар дидору гуфтушунидҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, Қамбарӣ вазъи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба интихоботи президентӣ баррасӣ хоҳад кард. Раиси дафтари мусоъадат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон Владимир Сотиров ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ноиби Дабири кулли СММ бо райиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири кишвар Оқил Оқилов, раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ Саидамир Зуҳуров, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Маҷлиси миллӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мулоқот хоҳад кард. Сотиров гуфтааст, Тӯраҷонзода дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон яке аз сарони оппозисюн ва дертар ширкаткунандаи ҳамаи даврҳои гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон буд ва нуқтаи назари ӯ ба рӯйдодҳои кишвар муҳиму боаҳамият мебошад.
XS
SM
MD
LG