Тими Мекзик
Нуқоти қувват: Футболи Мекзик аз анвоъи муҳоҷиму тунди футбол аст. Ва акнун қувваи идроки дифоъии Рафаэл Маркез аз тими Барселона бар тавоноиҳои ин тим афзудааст. Дар аксари бозиҳо тими Мекзик саъй мекунад тӯбро ба рақиби худ надиҳад ва маъмулан рақибони Мекзик маҷбуранд пайваста дар таҳарруку талош бошанд, то тӯбро аз пои бозикунони он дарбиёранд.
Нуқоти заъф: Аммо таҷаммуъи бозикунони тими рақиб дар миёни майдон маъмулан тими Мекзикро хаставу куфта мекунад ва аз тавоноии зиддиҳамлаи он мекоҳад. Баъзан хушнудии бозикунони Мекзик аз худашон табдил ба мушкили тим мешавад. Ситораҳои ин тим ба сатҳи баланди фишор тоби чандоне надоранд.
Беҳтарин бозикуни тим: Рафаэл Маркез, сардастаи тими Мекзик, мехи меҳвари тим аст. Раҳбарии ӯ ва тавоноиҳои қобили таваҷҷуҳаш барои ин дастаи ҳамлаписанд аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Бадтарин таҷрубаи тим: Шикасти тим дар баробари ҳамсояи шукуфотари Мекзик - Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар соли 2002 бо ҳисоби 2:0.
Беҳтарин таҷрубаи тим: Соли 1986 Мануэл Негрете, аз бозикунони тими Мекзик яке аз беҳтарин голҳои Ҷоми Ҷаҳониро вориди дарвозаи Булғористон кард ва Мекзик бо ҳисоби 2:0 дар давраи дуввуми бозиҳо баранда шуд. Мекзик он сол мизбони мусобиқот буд, аммо саранҷом зарбаҳои ҷаримаӣ дар бозии Мекзик бо Олмон ба шикасти тими Мекзик анҷомид.
Маҳбубтарин шиъори ҳаводорон: "Me-hee-co, Me-hee-co", яъне "Мекзик! Мекзик!" бо нидоҳои ташвиқкунандаи "Aй-йай-йай-йай" ва "Оле!"
Тими Ирон
Нуқоти қувват: Тсунейасу Мийамото, сардастаи тими Жопун соли 2004 дар бораи тими Ирон гуфта буд: "Ирон як ҳарифи баланду боло ва дар мавориде хатарнок аст". Ва то кунун ҳам ин тим хеле тағйир накардааст. Бозии Ирон ҳамроҳ бо сабру бурдборист ва ба маҳзи пайдо шудани сӯрохе дар хатти дифоъи ҳариф тӯби Ирон ба самти дарвозаи ҳариф шиллик мешавад. Ва ҳатто агар он сӯрохи мавриди ниёз ҳам боз нашуд, тими Ирон метавонад ба зарбаҳои дурбурд ё баландпарвози Алии Каримӣ, аз муҳоҷимони боистеъдоди он, умед бибандад.
Нуқоти заъф: Хатти дифоъи Ирон маъмулан орӣ аз назму тартиб аст. Мартин Ризо Бабрӣ, як рӯзноманигори варзишӣ мегӯяд: "Ирон дар рақобат бо тимҳои созмонёфта мушкил дорад. Ва маъмулан хатти дифоъи он дар баробари ҳамлаҳои пайгиронаи рақиб мешиканад".
Беҳтарин бозикуни тим: Алии Каримии 27-сола аз тими Байерни Муних (Олмон). Бозикуне пурэнерживу дурахшон бо тавоноиҳои фавқулъода, ки ба осонӣ миёни майдонро бо хатти дифоъи рақиб мепайвандад.
Бадтарин таҷрубаи тим: Шикасти Ирон дар баробари Баҳрайн бо ҳисоби 3:1, ки монеъ аз вуруди Ирон ба бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2002 шуд.
Беҳтарин таҷрубаи тим: Соли 1997 дастаи Ирон бо дарҳам шикастани тими Молдив бо ҳисоби 17:0 барои вуруд ба бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ рекурди тозаеро сабт кард. Онҳо ҳамчунин дар Мелбурни Устролиё тими мизбонро шикаст доданд ва вориди мусобиқоти ҷаҳонии соли 1998 дар Фаронса шуданд. Нахустин пирӯзии Ирон дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ дар соли 1998 низ аз лаҳазоти ширини ин тим аст: дар он сол Ирон Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.
Маҳбубтарин шиъори ҳаводорони тим: "Ирон чи кораш мекунад? Сурох-сурохаш мекунад!", ки барои мову шумо ба тарҷума ниёз надорад. Ин шиъор маъмулан шакли пурсишу посух байни ду гурӯҳ аз тарафдорони тими Иронро ба худ мегирад.