Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Ҳайъати тағйири қонуни интихобот зарур аст."


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пешниҳод кард, ки барои таҳияи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи раиси ҷумҳур ва ислоҳу такмили ин қонун як ҳайъати муштарак таҳти раҳбарии намояндагии СММ ва САҲА дар Тоҷикистон таъсис ёбад. Узви шӯрои ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит ба радиои Озодӣ гуфт, чун бисёриҳо ноқис будани ин қонунро зикр кардаанд бояд барои такмили он ҳайъате таъсис дода шавад бо ширкати Кумисюни марказии интихобот, ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ. Аммо раиси дафтари Кумиюни марказии интихобот Муҳибулло Додохонов мегӯяд, қонуни интихоботи президент 28-уми декабри соли 2005 қабул шуда, бо тағйиру иловаҳояш аз чоп баромад ва кумисюни интихобот ҳаққи баррасии онро надорад. Коршиносони мустақил мегӯянд, чун то интихоботи президентии моҳи ноябр вақти кам мондааст, даргумон аст, ин пешниҳод пазируфта шавад, аммо ҳамчун ташаббуси бамаврид ин иқдом метавонад, барои аҳзоби ғайриҳоким сармояи сиёсӣ биёрад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG