Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардҳо - 54, занҳо - 74


МАРДҲО: Тими мардонаи Тоҷикистон дар 13 дидор 28 имтиёз ба даст оварда, байни 150 даста ҷойи 54-умро ишғол кард.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳом Юнусов дар 6 дидор бар тимҳои Уэллс, Никарагуа, Монако, Лубнон, Парагвай ва Колумбия ғолиб омада, 2 бозиро бо Мексика ва Ямайка бо натоиҷи мусовӣ анҷом дод ва дар 5 дидор аз тимҳои Словения, Эквадор, Тунис, Ҷазираҳои Фарер ва Гватемала шикаст хӯрд.

Дастаи мардонаи Арманистон бо 36 имтиёз дар мақоми аввал, тими Чин бо 34 имтиёз дар мақоми дуввум ва дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 33 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифтанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни дастаҳои ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо аз тимҳои Туркманистону Қирғизистон болотар ҷойгир шудааст : 1. Арманистон (36 имтиёз). 6. Русия (32). 8. Украина (32). 13. Узбакистон (31). 14. Гурҷистон (31). 18. Молдова (30,5). 24. Озарбойҷон (30). 28. Латвия (30). 36. Беларус (29). 42. Литва (29). 46. Эстония (28,5). 53. Қазоқистон (28). 54. Тоҷикистон (28). 75. Туркманистон (26). 88. Қирғизистон (25).

ЗАНОН: Тими занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар ҳайати Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова бо 17,5 имтиёз миёни 108 даста мақоми 74-умро соҳиб шуд.

Шатранҷбоздухтарони Тоҷикистон дар 6 дидор тимҳои Намибия, Зеландияи Нав, ICSC - Кумитаи байналмилалии шоҳмоти ношунавоҳо, Ямайка, IPCA ва Тайванро мағлуб карда, дар 7 бозӣ аз тимҳои Қазоқистон, Австрия, Люксембург, Канада, Италия - А, Австралия ва Қирғизистон ноком шуданд.

Дар сабқати занони шатранҷбоз тими Украина бо 29,5 имтиёз мақоми аввал, дастаи Русия бо 28 имтиёз мақоми дуввум ва тими Чин бо 27,5 имтиёз мақоми севвумро ишғол карданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон миёни тимҳои бонувони ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи охирин мебошад: 1. Украина(29,5 имтиёз). 2.Русия (28). 6.Гурҷистон (24,5). 8. Арманистон (24). 17. Латвия (23). 21. Беларус (22,5). 23. Литва (22). 32. Узбакистон (21,5). 33. Эстония (21). 36. Туркманистон (21). 39. Молдова (21). 45. Қазоқистон (20). 51. Озарбойҷон (20). 61. Қирғизистон (19).74. Тоҷикистон (17,5).
XS
SM
MD
LG