Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон аз густариши HIV


Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, суръати густариши бемории вируси норасоии масъунияти бадан, ва ё ВИЧ СПИД (HIV AIDS) ҳукумати ин кишварро бисёр нигарон кардааст. Раъно Абдураҳмонова - раҳбари шӯъбаи умури беҳдоштии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти вижаи Маҷмааи кулли Созмони Милал дар шаҳри Нйю Йорк дар рӯзи 2 июн мушкили бемории вируси норасоии масъунияти баданро баробар бо мушкилоти тероризми байналмилалӣ ва силоҳҳои атомӣ донист.
Вай аз ҷумла гуфт: "Эпидемияи бемории вируси норасоии масъӯнияти бадан ба мардуми кишвари мо низ таҳдид мекунад, ки ба мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ аст. Моро имрӯз суръати густариши ин беморӣ нигарон кардааст. Танҳо тайи се соли гузашта шумораи гирифторони вируси норасоии масъӯнияти бадан 6 маротиба афзудааст."
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 400 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан сабти ном шудаанд. Раъно Абдураҳмонова ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз доман задани ин беморӣ ба пешрафтҳое даст ёфтааст ва ҳоло саргарми таҳияи стратегияи нави мубориза бо бемории вируси норасоии масъунияти бадан аст.
XS
SM
MD
LG