Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калиди қуфли Роғун дар Сочӣ ёфт шуд?


Ҳафтаномаи «Миллат» ба дунболи иттилоъ аз натоиҷи расмии мулоқот, суоли дигар, ба узвияти паймони амнияти дастаҷамъӣ пазируфта шудани Ӯзбакистонро матраҳ карда навиштааст: «Агар Тоҷикистон ба узвияти Узбакистон дар паймони амнияти дастаҷамъӣ розӣ шавад, ҳукумати Каримов аз мавқеи хасмонаи худ нисбат ба Тоҷикистон даст хоҳад кашид ва роҳҳоро ба рӯи мо боз хоҳад кард?»

Нашрия ба гунаи посух ба суоли худ ба назари коршиносон ишора кардааст, ки рӯйдодҳои 12 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як ангезеи нороҳатии Тоҷикистон мебошад, ки ин ҳамла дар солгарди рӯйдодҳои Андиҷон ба амал омад. Ва меафзояд, сарҳанги собиқи артиши Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев, дар Ӯзбакистон ба сар бурда тибқи баъзе иттилоъ аз тарафи давлати Ӯзбакистон пуштибонӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Вақт» аз фаъолгардии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ҷиҳати ҳамкориҳои бисёрҷабҳа дар як моҳи ахир, ки мулоқоти ахири Раҳмонов ва Путин дар Сочи низ мавриди назар аст, менависад: «Раҳмонов гуфтааст, Тоҷикистон бо Русия амалан ҳеҷ гуна ихтилофи назар надорад, танҳо роҳи иҷрои бархе аз созишҳои ҳосилшударо баррасӣ мекунад ва зарурат ба таҳқиқи ин созишҳоро дорад, ки як қисми онҳо иҷро намешаванду бархе дигаре кӯҳна шудаанд».

Нашрия ҳамзамон ин фаъолшавии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъро дар муқобили созмони дигар дар қаламрави кишварҳои собиқи иттиҳоди шуравӣ, ки ГУАМ-иттиҳоди Гурҷистон, Укроин, Арманистон ва Молдов мебошад, рӯ ба рӯ гузоштааст.

Ва бо тақвияти ин назар, «Миллат» дар матлаби дигар навиштааст, ки қудратхоҳӣ ва манфиатхоҳии аз ҳад беши кишварҳои қудратманд новобаста аз он ки ғарбист ё шарқӣ наметавонад барои миллатҳои истиқлолхоҳ ба дарозо бикашад, он дер ё зуд барҳам мехӯрад. Беҳтар он аст, ки ба худи миллатҳо ихтиёр дода шавад, ки кадоме аз кишварҳои сармоядорро шарики рушд ва пешрафти худ қарор медиҳанд.

Аммо нашрияи «Факти и комментарий» бештар ба сӯҳбатҳои иқтисодии Раҳмонов ва Путин мутаваҷҷеҳ шуда менависад: «Раҳмонов ҳамчунин гуфтааст, соли оянда марҳалаи аввали баҳрабардорӣ аз нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 бо сармоягузории Русия шурӯъ хоҳад шуд ва ба президент Путин изҳои ташаккур кардааст, ки Русия нархи воридшавии маҳсулоти мӯҳлати истеъмолаш маҳдуди Тоҷкистонро ним дарсад поин кардааст.»

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Азия плюс», аз шурӯъи корҳо дар тарҳи бузурги Тоҷикистону Русия, нирӯгоҳи барқи обии Роғун иттилоъ дода ва менависад. «Ҳафтаи гузашта аз шурӯъи корҳо дар нирӯгоҳи барқи обии Рогун хабар дода буданд. Ва ҷиҳати эътимод ба ин хабар ҳафтаи ҷорӣ як гурӯҳ хабарнигорон ба маҳалли бунёди нирӯгоҳ сафар карданд.»

Муаллифи матлаб дар истинод ба гуфтаи раиси департаменти бунёди нирӯгоҳи Роғун навиштааст, ки бошад, ки мо ба кундӣ ва аз кӯчак огоз кардем ва шурӯъ кардем. Дар ҳоле ки музокироти ба дарозои ҳукумат ва ширкати Русал идома дорад, корҳои бунёди ҷиҳати шуруи сохтмони нирӯгоҳ босуръат пеш меравад.

Аммо «Азия плюс» дар сармақолаи худ мавзӯъи омодагӣ ва назари аҳзоби сиёсии кишварро ба интихоботи раиси ҷумҳур, мушаххасан ба меъёри ҷамъ овардани имзои раъйдиҳандагон, ки 5 дарсад аз ҷамъи раъйи интихобкунандагон муқаррар шудааст, матраҳ кардааст.

Ва низ ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифта навиштааст, дар Тоҷикистон омодагӣ ба интихоботи раиси ҷумҳур шурӯъ шуд ва пас аз як нишасти масъулони кумиссиюни марказии интихобот, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсии кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодоти худ дар мавриди мукаммалсозии ҷараёни баргузории интихоботи президентиро ба кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ироа хоҳанд кард.

Аммо дар ҳамин ҳол нашрияҳои «Тоҷикистон» ва «Зиндагӣ» ба масоили сиёсии Афғонистон мутаваҷҷеҳ шуда дар сармақолаҳои худ ин масъаларо баррасӣ карданд.

«Тоҷикистон» дар матлаби худ бо истинод ба назари мардуми Кобул навиштааст, ки низомиёни Амрико вазъи Афғонистонро ноором карданд. Аммо онҳо ҳанӯз ба ҳодисаи сарзада, ки сабаби марги қариб 20 нафар сокинон шудааст, хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Зиндагӣ» хабар додааст, ки Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон маршал Муҳаммадқосим Фаҳим, фармондеҳи эътилофи шимолро мушовири аршади раиси ҷумҳур дар умури амният таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG