Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нишасти Боку вазирони дифоъи фақат панҷ кишвар ширкат карданд


Дар нишасти Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар шаҳри Боку санади "Самтҳои аслӣ ва чорабиниҳо оид ба татбиқи консепсияи ҳамкориҳои низомии кишварҳои Ҷомеъа то соли 2010 ум" пазируфта шуд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба муовини сарвазир ва вазири дифоъи Русия Сергей Иванов иттилоъ медиҳад, ки аҳли нишаст масоили марбут ба сармоягузории системи муштараки зидди ҳамлаи ҳавоии Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ то соли 2007-ро низ матраҳ карданд. Ҳамчунин санади таъсиси системаи муштараки мухобираи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв ва нақшаи тамринҳои ин нерӯҳо дар соли 2007 тасдиқ шуд. Сергей Иванов аз натоиҷи нишасти Шӯрои вазирони дифоъ изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки "он дар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ гоми мушаххасе ниҳод".
Ва аммо бори аввал Шӯрои вазирони дифоъ бо теъдоди ками вазирон ва сатҳи пойини ширкаткунандагон доир шуд. Дар он вазирони дифоъи фақат панҷ кишвар - Русия, Озарбойҷон, Белорус, Тоҷикистон ва Украина ширкат доштанду халос. Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба нишаст низомиёни рутбаашон поинтарро фиристоданд. Чаҳор кишвари боқимонда - Арманистон, Гурҷистон, Молдова ва Туркманистон бо сабабҳои гуногун дар нишаст ширкат накарданд. Аз ҷумла, намояндаи вазорати дифоъи Арманистон изҳор намуд, ки мақомоти Озарбойҷон аз таъмини амнияти ҳайати низомии ин кишвар сарпечӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG