Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои сиёсӣ дар андешаи таъсиси эътилоф


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 30 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо манзури вазъи кунунии сиёсии кишвар, имкон дорад, дар мавриди пешниҳоди номзади ягона ба интихоботи раиси ҷумҳур эътилофи аҳзоби сиёсӣ таъсис бишавад.
Ҷаноби Зоиров гуфт, ҲСДТ дар танҳоӣ қодир нест, ҷиҳати пешбарии номзади худ ба курсии раиси ҷумҳур меъёри зарурии имзои тарафдорон, ки тибқи сарқонуни кишвар 5 дарсад ва ё 160 ҳазор райъдиҳанда муқаррар шудааст, ҷамъ биёрад: "Ман мехоҳам, ки агар тамоми ҳизбҳо ба ғайр аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин эътилоф шомил мешуданд, хуб мешуд, чунки барои ҳизбҳои алоҳида ҷамъ кардани имзо мушкил хоҳад буд."
Ҳизби Демократи Тоҷикистон низ гуфт, тасмим гирифтааст, масъалаи таъсиси эътилофи аҳзоб ва пешбарии номзади ягона дар интихоботи президентиро дар конфронси худ баррасӣ намояд.
Аммо ин дар ҳолест, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон эълом доштааст, дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурӣ бо номзади худ хоҳанд рафт.
Ҳикматулло Сайфуллозода намояндаи Ҳизби Наҳзат гуфт: "Таҷриба нишон дод, ки моро зарурат нест, назди кадом ҳизб рафтан. Ҳар як нерӯи сиёсӣ ва ё ҳизби сиёсӣ, ки мехоҳад, бо мо сӯҳбат кунад, дари мо боз аст. Мо вақте ки садди 5 фоизаро дар интихоботи порлумонӣ бе ягон мушкилӣ гузаштаем, ман гумон намекунам, ҷамъоварии имзо барои номзади Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мушкил бошад."
Дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳанӯз назари худ доир ба таъсиси эътилофро баён накардаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG