Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди додситонии Суғд ба Ҳизби Наҳзат


Додситонии Суғд гуфт, дар бораи манъи фаъолияти бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара ва роҳ надодани он ба интихоботи президентӣ тасмим гирифтааст. Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд ахиран дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти қудратӣ гуфт, ки ба чунин тасмим додситониро иртиботи бахши исфарагии Ҳизби Наҳзат бо гурӯҳи тундрави Ҳаракати Исломии Узбакистон водор кардааст: «Дар ҳолате, ки ташкилоти сиёсӣ ва ё ташкилоти ғайрисиёсии тиҷоратӣ фаъолияти экстремистӣ мебарад ва аъзои он ба ҷиноятҳои террористиву эктремистӣ даст мезананд, фаъолияти он созмон бо пешниҳоди додситонӣ ва қарори додгоҳ манъ карда мешавад. Ман дар назар дорам бахши Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар шаҳри Исфараро. Мо ҳуқуқи манъ кардани фаъолияти ин бахшро дорем. Зеро ҳама аъзои Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ин маҳал аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳастанд ва дар баъзе ҳолатҳо шаҳодатномаи сохтаи корманди вазорати ҳолатҳои фақулъоддаи кишварро низ дар даст доранд. Дар қонун омадааст, ки агар ташкилоти террористӣ будани як созмони сиёсӣ собит шавад, додгоҳ ҳуқуқи ба интихобот роҳ надодани онро дорад.»
Ба иттилои додситонии Суғд, дар моҳи май се узви Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо ҷурми ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба мӯҳлатҳои аз 9 то 19 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳамчунин Фатҳулло Раҳимовро, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона аз маҳбаси муваққати Қайроқум фирор кард, додситонӣ мансуб ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ меномад.
Аммо масъулини Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара изҳороти додситониро бар унвони худ ноҳақ хонданд. Салоҳиддин Ҳусейнзода - муовини сарвари бахши Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар вилояти Суғд иртиботи ҳизбашро бо дастаҳои ҷиноятпешаи тундрав рад кард ва афзуд: «Мо ин даъвои додситониро қабул надорем, ин тӯҳмат аст. Агар фарде аз ҳизби мо ҳам, ки ба иқдоми номатлубе даст зада бошад, ин як амали шахсӣ аст, на ҳизбӣ. Мо ингуна ашхосро ҳамзамон бо содири ҷиноят аз сафҳои ҳизбаи худ хориҷ мекунем. Аз ҳизбҳои бузурги дигар, аз ҷумла ҳизби ҳуукмрони Халқӣ - Демократӣ низ имрӯз чандин шахс дар пайи содири ҷиноятҳои сахт дар паси панҷара нишастаанд. Аммо касе ҳизби ҳукмронро ҳизби экстремистӣ ва ё террористӣ намегӯяд. Азбаски мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷомеаи Тоҷикистон мустақил нестанд ва аз ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд, дар остонаи интихоботи президентӣ мехоҳанд, бо роҳу усулҳои гуногун ба сӯи ҳизбҳое, ки бо ҳизби ҳукмрон дар мухолифат ҳастанд, санги маломат андозанд ва нуфузи сиёсии онҳоро дар байни аҳли ҷомеа коста гардонанд.»
Ба гуфтаи Абдусаттор Бобоев - сарвари бахши Ҳизби Наҳзат дар шаҳри Исфара, мақомоти интизомиву амниятии маҳал беш аз даҳ узви ин ҳизбро бо гумони ҳамдастӣ бо дастаҳои ҷиноятпеша ба мӯҳлатҳои кам, ё беш мавриди боздошт қарор додаанд.
Ба гуфтаи вай, ду узви ин ҳизб дар Исфара ба таври асроромез кушта шудаанд - яке дар идораи шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ва дигарӣ - дар пайи озод шудан аз боздошт бар асари садамаи нақлиётӣ. Абдусаттор Бобоев ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғдро фишор болои фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ноҳияи Исфара арзёбӣ кард ва гуфт, дар ин бора ба додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG