Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Амрико дар Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд?


Имруз дар Бишкек як ҳайати Амрикоӣ бо мақомоти Қирғизистон мулоқот ва дар бораи боло бурдани ҳақи иҷораи пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қирғизистон гуфтугу мекунад. Ин ҳайат дируз вориди Бишкек шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз давлати Амрико хост, ки ҳақи иҷораи пойгоҳи ҳавоии Манас, ки нируҳои амрикоӣ аз он истифода мекунанд, сад баробар боло бурда шавад. Ҳоло Амрико барои истифода аз ин пойгоҳи ҳавоӣ ба Қирғизистон соле 2 милён доллар пардохт мекунад. Вале давлати ин кишвар пофишорӣ дорад, ки Амрико соле барои истифода аз ин пойгоҳ бояд 200 милён доллар ба Қирғизистон пардохт кунад. Давлати Қирғизистон қарордоди қаблии худро бо Амрико дар бораи чунин ҳамкорӣ 4-уми декабри соли 2001 дар давраи раёсати ҷумҳурии Аскар Оқоев бо Амрико имзо карда буд. Вале Акнун Боқиев мегуяд, агар Амрико соле барои иҷора 200 милён доллар пардохт накунад, нируҳои ҳавоиаш бояд пойгоҳи Манасро то 1-уми июн, яъне то рузи панҷшанбеи ҳамин ҳафта тарк кунанд. Аз гуфтугуҳои муқаддамотии ҷонибҳо чунин бармеояд, ки мумкин аст Амрико барои пардохти ин маблағ розӣ шавад. Амрико аз пойгоҳи Манас барои мубориза бо террорзми байналмилалӣ дар Афғонистон истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG