Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта, пахта, ҷон пахта


Ҳафтаномаи «Миллат» бо нашри матлабе таҳти унвони «Ғуломони сиёҳи пахтаи сафед» мушкилоти умдаи коҳиш ёфтани кишт ва тавлиди пунба дар кишварро ба таҳлил кашида навиштааст, дар ин авохир, бархе аз қаламбадастон иллати ба бӯҳрон печидани пунбапарварӣ дар кишварро ба номи кишоварзон мепайванданд. Ба гуфтаи муаллифи матлаб, ин дурӯғи соф ва кӯшиши бешарафона аст, зеро иллати қарздории кишоварзон ва бӯҳрони пунбапарварӣ дар Тоҷикистон маҳз сармоягузор ва фючеристон мебошанд. Муаллиф бар ин нукта таъкид кардааст, ки кишоварзон аз ҳосили пунбаи парварида он маблағеро соҳиб мешаванд, ки барои бозпас гардонидани қарзи фючеристон кофӣ нест. Ва ба ин тартиб, соли ҷорӣ ин қарзи кишоварзон ба ҳудуди 300 миллион доллари Амрико баробар шуда ва ҳамчунон меафзояд.

Аммо нашрияи «Тоҷикистон» хабар додааст, ки қиммати нахи пунбаи Тоҷикистон барои корхонаҳои дохили кишвар афзоиш ёфт ва нашрия бо истинод ба гуфтаи мутахассисон навиштааст, тартиби нави фурӯши пахта ба хотири коҳиш додани қарзи кишоварзон сурат гирифтаст. Муаллиф менависад, бар асоси тартиби нав фурӯши нахи як тонна пунбаи Тоҷикистон барои содирот ба хориҷ 948 доллар ва барои корхонаҳои дохилӣ 1057 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ҳамзамон бо ин, нашрия бо сабаби гаронии нархи нави пунба дар мавриди аз фаъолият бозмондани чанд корхонаи коркарди пунба низ хабар додааст.

Аммо нашрияи «Бизнес и Политика» иттилоъ додааст, ки зимни як ҳамоиши таъсисдодаи Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе масоили барқарорсозии соҳаи пунбапарварӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар зимн, вазорати иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши қарз ба хоҷагиҳои пунбапарвар кӯмаки молиро ваъда додааст.

Вале «Тоҷикистон» ҳамчунин бо нашри як матлаб афзоиши нишондодҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи марказиро шарҳ дода ва навиштааст, ки муваффақияти нишондодҳои молиёт ва низоми хароҷоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз мавқеи мустаҳками сиёсати буҷавӣ шаҳодат медиҳад. Нашрия ба мавзӯъи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дубора баргашта ва дар як матлаб иллати ба манфиати Тоҷикистон набудани пешниҳодоти ширкати «Русал» дар мавриди бунёди нерӯгоҳи мазкурро шарҳ додааст.

Вале дар нашри тозаи худ ҳафтаномаи «Факти и комментарии» аз омодагии ширкати «Русал» ҷиҳати шурӯъи корҳо дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабар додааст. Нашрия навиштааст, феълан, ҳаҷми сармоягузорӣ ба 50 миллион доллари амрикоӣ баробар аст. Ва ин сармоя аслан ҷиҳати таъсиси шароити мусоид барои таълиму зисти мутахассисон харҷ мешавад. Ва нашрия аз қавли масъулони ин ширкат дар Тоҷикистон овардааст, ки харидории васоити нақлия ҷиҳати иҷрои корҳо дар нерӯгоҳ шурӯъ шуда ва тасмим аст, дар ду моҳи оянда 30 адад нақлиёти махсус вориди Тоҷикистон шавад.

Ҳамчунин, таваҷҷӯҳи ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз масоили иқтисодии кишвар дур намондааст. «Наҷот» як матлабе унвонии «Ҳаққи меҳнати пиллапарвар чист? Ҳезуми тут ва …»-ро ба нашр расонида навиштааст, ки ҳанӯз ҳам дар фаҳмиши бархе аз аъзои хоҷагӣ ин ақида вуҷуд дорад, ки деҳқон бепул ҳам кор мекунад, ба монанди ғӯзапоя музди меҳнат гуфта ҳезуми тутро ҳаққи пиллаи парварида қабул мекунад.

Шумораи ин ҳафтаи нашрияҳои чопи Душанбе ҳамчунин дар мавриди фасоди молӣ дар макотиби олии Тоҷикистон, фишору тазъиқ ба диндорон, низоми марзҳо дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва ҳадафи ҳамла ба марзи Тоҷикистону Қирғизситон дар ноҳияи Ботканд матолиб таҳия кардаанд.
XS
SM
MD
LG