Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар паси панҷара нишастаанд


Маркази байналмилалии пажӯҳишоти маҳбасҳо дар гузориши ахири худ омори маҳбусин дар кишварҳои оламро нашр кардааст ва Тоҷикистон дар ин феҳрас дар миёни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ дар ҷои қабл аз охир будааст. Мувофиқи ин гузориш, аз ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 159 нафарашон зиндонӣ будаанд. Раёсати корҳои ислоҳии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки ниҳоди масъул дар умури зиндонҳо ва маҳбусин аст, ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор маҳбус ба сар мебарад. Мувофиқи гузориши Маркази байналмилалии пажӯҳишоти маҳбасҳо, дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ бештар аз ҳама дар Белорус ва Русия маҳбус ба сар мебурдааст. Дар ин ду давлат ба сари ҳар 100 000 сокин 532 маҳбус рост меомадааст. Исмҳои баъдӣ дар ин феҳрас Туркманистон ва Узбакистон будаанд, ки сари ҳар сад ҳазор сокини худ 489 зиндонӣ доштаанд. Дар миёни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ камтарин теъдоди маҳбусин дар Арманистон будааст. Аз ҳар сад ҳазор арманӣ 92 нафар дар маҳбас ба сар мебурдааст.
XS
SM
MD
LG