Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш ҷӯёи роҳи осоиштаи ҳалли бӯҳрони ҳастаии Ирон


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе гуфт, мехоҳад, бӯҳрони ҳастаии Ирон бо роҳи дипломатӣ ва мусолиматомез ҳал шавад, аммо гуфт вай, Ирон чандон майл надорад, ки ҳалли масъала таввасути музокирот ба даст ояд. Ҷорҷ Буш зимни суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, Ирон музокирот дар робита ба барномаҳои атомиашро ба қавли ӯ "софдилона" рад мекунад. Вай афзуд, Амрико саъй дорад, то ба Русия нишон бидиҳад, ки амалҳои Ирон софдилона нест: "Бидуни шак мо мехоҳем, ин масъаларо осоишта ва бо роҳи дипломатӣ ҳал кунем. Аммо бо он ки ирониён ҳарчӣ зиёдтар аз бурдани музокироти софдилона сарпечӣ мекунанд, ҳарчӣ кишварҳои бештар дарк мекунанд, ки бояд ҳамроҳ дар ин самт кор кунем."
Русияву Чин, ду узви доимии Шӯрои Амният талабҳои кишварҳои ғарбӣ барои иқдомоти сахттар, аз ҷумла эъмоли таҳрим ба зидди Иронро ҷонибдорӣ намекунанд. Ҷорҷ Буш дар нишасти хабари муштарак бо нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, шакки ӯ аз барномаҳои атомии Ирон афзудааст, чаро ки Ирон намехоҳад, барояш аз хориҷ сӯзишвории атомӣ биёранд. Имрӯз дар шаҳри Ландан намояндагони Амрико, Русия, Чин, Олмон, Фаронса ва Бритониё роҳҳои водор кардани Ирон ба қатъи ғанисозии уранро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG