Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз ҳамалоти эҳтимолии террористӣ


Намояндагони вазоратҳои дохилаи 11 кишвари узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар як нишаст дар шаҳри Душанбе аз осебпазирии ҳифозати муассисаҳои муҳимми давлатӣ дар баробари хатароти эҳтимолии террористӣ ибрози нигаронӣ намуданд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, дар ин нишаст, ба тақвияти ҳифозати ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва дар ин росто кор гирифтан аз шеваҳои муосири ҳифозативу амниятӣ таъкид шудааст. Ин дар ҳолест, ки то чанд сол қабл хадамоти ҳифозатии вазоратҳои дохилаи кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд бо мушкилоте чун даҳшатафканӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва гаравгонгириву одамрабоӣ рӯ ба рӯ набудаанд. Ҳаким Мирзоев, муовини сардори Раёсати таъмини ҳифозат ва амнияти муассисоти давлативу хусусии Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар ин кишвар беш аз 2.000 ниҳоди мухталиф таҳти пӯшиши ҳифозатии ин раёсат қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, Вадим Савичев, сардори департаменти ҳифозати амволу муассисоти вазорати дохилаи Русия гуфт, хадамоти ҳифозати вазоратҳои дохилаи кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд ба танҳоӣ наметавонанд, алайҳи терроризм ва одамрабоӣ муваффақона амал намоянд. Шашумин нишасти сарони хадамоти ҳифозатии вазоратҳои дохилаи кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд бад-ин тартиб рӯзи душанбе ба кори худ поён бахшид.
XS
SM
MD
LG