Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи байнулмилалии истифода аз роҳи оҳан


13 кишвари аъзои Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан, аз ҷумла кишварҳои Каронаи Балтик, Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе Созишномаи воҳиди интиқоли тронзитии коло ба воситаи роҳи оҳанро имзо карданд. Зубайда Аспаева, раиси кумисиюни Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан, ба радиои Озодӣ гуфт: "Ҳадафи мо такмил додани низоми байнулмилалии нархномаи интиқоли коло мебошад. Намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон Қазоқистон, Кирғизистон, Русия Украина ва Муғулистон, як қатор пешниҳодҳои муфид карданд, ки метавон аз онҳоро ба назар гирифт."
Ғафурҷон Расулов, коршиноси масоили иқтисодӣ, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, дар сурати ба вуҷуд омадани нархномаи воҳид дар интиқоли коло сабукӣ ва шаффофият ба вуҷуд меояд.
Бино ба маълумоти кумисиюни Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан, дар назар аст, дар моҳи октябри соли равон, қарордоди воҳиди интиқоли тронзити коло дар роҳи оҳан, дар миёни 13 кишвари аъзои созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан, қувваи амал пайдо кунад. Аммо бо сабабҳои номаълум намояндагони Чин ва Белорус, ки узви ин созмон мебошанд, дар ҷамъомад ширкат накарданд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG