Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон хабари Интерполро рад карданд


Мақомоти Тоҷикистон хабари Полиси байнулмилал ё Интерполро дар бораи боздошти толибони фирорӣ дар марзҳои давлатии Тоҷикистон рад карданд. Хабаргузориҳо ба нақл аз дафтари матбуотии Интерпол иттилоъ доданд, ки аз 4 узви ҳаракати Толибон, ки аз маҳбаси Пуличархии Кобул гурехтаанд, 2 нафар дар Булғористон ва 2 нафар ҳангоми убури марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ифшо ва боздошт шудаанд. Бо вуҷуди он ки мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро рад кардаанд ва тахмин мезананд, ки толибони фирорӣ шояд дар марзи Афғонистон бо Ӯзбакистон боздошт шуда бошанд, хабаргузориҳои Ройтерз ва Франс Пресс навиштаанд, ду узви ҳаракати толибон қаламрави Тоҷикистонро убур карда, танҳо ҳангоми вуруд ба Ӯзбакистон дар марзи ин кишвар дастгир шудаанд. Онҳо меафзоянд, ба сурати умум аз маҳбаси Пуличархии Афғонистон 7 узви фаъоли ҳаракати Толибон, ки барои ҷиноятҳои сангин ба мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум шудаанд, фирор кардаанд ва дар бораи се нафари дигари ин гурӯҳ иттилоъе вуҷуд надорад. Агар хабари Интерпол дар бобати бемумониат ворид шудани фирориҳои толиб ба Тоҷикистон ва кӯшиши онҳо ба вуруд ба Ӯзбакистон дуруст бошад, метавонад, ба эътибори марзбонони тоҷик латма занад. Дар гузашта марзбонони Русия аз боздошти афғонҳое хабар додаанд, ки бо шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар хабари ҳабси ду толиби фирорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон гуфта намешавад, онҳо бо чӣ шиносномаҳое сафар мекарданд.
XS
SM
MD
LG