Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист ва ришва


Салими Аюбзод (гирдоварӣ аз навори ҷаҳонии хабар) Ҳамла ба студияи телевизион

Созмонҳои ҷаҳонии журналистон қатли журналисти ироқӣ Сайид Мазоҳим Ал Ҳадисиро шадидан маҳкум карданд. Ҳадисӣ чорумин журналисти ироқист, ки дар давоми як моҳи охир кушта шудаанд. Вай дар шабакаи телевизионии сунниҳои Ироқ кор мекард ва дар гузоришҳои худ аз ҳукумат, аз ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Ироқ ва хушунатҳои мазҳабӣ интиқод мекард. Рӯзи ҳаштуми май дар минтақа и Дораи шаҳри Бағдод ҷасади ду журналисти дигари телевизион кашф шуд. Нозирон ин қатлҳоро ба хушунатҳои байнимазҳабӣ рабт медиҳанд, вале ҳамкорони Ҳадисӣ мегӯянд, ин куштор ба фаъолияти ҳирфаии ӯ пайванд дорад. Қотилон ба чеҳра ва даҳани Ҳадисӣ батакрор тир задаанд. Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RSF) талаб кардааст, ин қатлҳо дақиқан пажӯҳиш шаванд. RSF мегӯяд, дар як соли гузашта дар Ироқ 93 журналист ба қатл расидааст.
Зимнан куштори Ҳадисӣ то андозае қатли журналисти тоҷик Муҳиддини Олимпурро ба ёд меоранд, ки то ҳанӯз фармошгарон ва қотилони аслии ӯ кашфу боздошт нашудаанд.

11-уми май оинаи телевизионҳои мардуми Кашмири татҳи назорати Ҳинд ба ҷуз аз пардаи сафед чизе нишон намедд, зеро як гурӯҳи тундрави исломӣ кори шабакаи телевизиони кабелиро дар ин ҷо қатъ кард. Мусаллаҳони ниқобпӯш ба студиёи шабакаи Site Entertainment Network(SEN) ворид шуда, нашри намоишҳои онро қатъ ва манъ карданд. Ин гурӯҳи тундравони исломӣ бо номи Ал-Мадина дар изҳороти худ гуфт, азбаски намоишҳои шабакаи мазкур ба ахлоқи мардум таъсири манфӣ дорад, онро бастааст.
Шабакаи SEN ба нашри намоишҳои тафреҳӣ, варзишӣ, хабарӣ ва мусиқӣ машғул буд. Полиси минтақа ба шабака пешниҳод кард, ки дидбонии онро бар дӯш хоҳад гирифт, вале раиси шабака Амҷад Мир аз ин кӯмак даст кашид ва гуфт, намехоҳад, ҳаёти кормандонро зери хатар гузорад. Дар ҳамин ҳол Асия Андаробӣ, сарвари гурӯҳи радиколи занон бо номи "Духтарони миллат" гуфт, манъи фаъолияти шабака ангезаи сиёсӣ дошта, кори дасти ҳукумат аст, ки худро дар паси дастаи мусаллаҳони исломӣ пинҳон медорад.

Додгоҳи Иттиҳоди Аврупо ба жанри пажӯҳиши журналистӣ даст зад. Он мехоҳад, муайян кунад, ки оё журналисти маҷаллаи олмонии "Stern" Ҳанс Мартин Тиллак, барои ба даст овардани як иттилоъи ҳассос ба касе ришва додааст ё на. Тиллак дар ду мақолаи худ, аз баъзе мавридҳои қонуншиканӣ ва фасод дар Кумисюни Аврупо навишт ва онҳое, ки танқид шуниданд ё сиррашон фош шуд, ҳамкорони хешро дар шӯъбаи зидди фасоду тақаллуби Кумисюни Аврупо айбдор карданд, ки дар ивази ришва ин маълумоти дохилро ба журналист фурӯхтаанд. Додгоҳ гуфтааст, мехоҳад муайян кунад, ки оё касе аз масъулон аз журналист пора гирифтааст, вале Федерасиюни байнулмилалии журналистон аз Тиллак пуштибонӣ карда, мегӯяд, ин ҷо кӯшиш мешавад, то ҳаққи журналист ба мхфӣ доштани манбаъи иттилоъ вайрон шавад. "Stern" навишт, мақомоти Аврупо натавонистаанд, иттилоъи нашркардаи журналистро рад кунанд ва ҳоло гилеми дар об афтодаи худро аз гӯшаи дигараш бардоштан мехоҳанд. Ҳанс Мартин Тиллак барои мақолаҳош дар бораи ришвату фасод дар Иттиҳоди Аврупо ба чанд ҷоизаи ҷаҳонӣ мушарраф гаштааст.
XS
SM
MD
LG