Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К.Смитс: Осиёи Марказӣ -- минтақаи "супер-президентҳо"


Смитс вазъи ҳуқуқи инсонро дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ "бад" ва нигаронкунанда номид ва гуфт, баъд аз қариб 15 соли истиқлолият интизорот ин буд, ки дар ин кишварҳо таҷзияи шохаҳои қудрат ва ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ ба амал меояд. Дар ивази ин, гуфт конгрессмени амрикоӣ, мо "супер-президентҳое"-ро мебинем, бар нируи қонунгузор ва додгустар ҳокимият дошта, матбуотро дастомӯзи худ кардаанд ва "хонаводаҳо ва атрофиёни онҳо" бахшҳои сердаромади иқтисодиётро таҳти назорат гирифтаанд.

Танҳо дар Қирғизистон, мегӯяд Смитс, матбуоти нисбатан озодтар мавҷуд буда, президенти он ба шохаҳои дигари ҳокимият бартарӣ надорад. Вале барои расидан ба ин орзу дар Қирғизистон воқеае ба номи Инқилоби лолагӣ ба амал омад ва иддаоъи рушди эволютсионии Осиёи Марказиро ба самти мардумсолорӣ зери суол бурд.

Сипас конгрессмен Кристофер Смитс вазъи имрӯзаи Узбакистонро тасвир кард ва аз равобити ИМ бо ин кишвар ёдовар шуд. Вай гуфт, "одамон аксаран фикр мекунанд, ки муносибатҳои Амрико бо Ӯзбакистон пас аз рӯйдодҳои Андиҷон ва ихроҷи нируҳои Амрико аз пойгоҳи Хонобод ба сардӣ гаравид. Аммо ин сардӣ хеле пештар дар миён афтод, зеро президенти Узбакистон Ислом Каримов дар паси инқилобҳои Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон шабаҳи Иёлоти Муттаҳидаро медид. Беш аз ҳама Тошкандро рӯйдодҳои Қирғизистон ба ҳарос овард, ки имконпазирии "нирӯи мардум"-ро дар минтақа исбот кард."

Смитс гуфт, президенти Узбакистон Иёлоти Муттаҳидаро як таҳдиди стратегӣ мешуморад ва онро айбдор мекунад, ки гӯё мехоҳад, Узбакистонро таҳти назорати худ дарорад. "Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ бо мо ба шубҳа менигаранд, ҳарчанд мехоҳанд, робитаҳои хубро таҳким диҳанд, то он ҷо ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо таҳдид накунад. Ва Қазоқистону Туркманистон мутмаъинан ҳадс мезананд, ки мо ба хотири дастёфт ба нафту гази онҳо намехоҳем "дегро ба ҷӯш" орем."

Дар муаррифии лоиҳаи худ Кристофер Смитс гуфт, мақсад аз он ангезиши ҳавасмандии ин ҳукуматҳо ба эҳтироми ҳуқуқи инсон ва рушди мардумсолорист. Ин қонун инчунин бояд сиёсати Иёлоти Муттаҳидаро дар баробари Осиёи Марказӣ пойдор ва ҳадафманд гардонад. Тибқи он Амрико ба ҳамаи кишварҳои минтақа мадад хоҳад кард, агар онҳо дар эҳтироми ҳуқуқи инсон ба пешрафти муҳим нойил гарданд. Қонуни нав аз вазири корҳои хориҷии Амрико талаб хоҳад кард, ки дар бораи бозгардони зӯракии паноҳандагони ӯзбак аз кишварҳои минтақа ба Узбакистон гузориш диҳад.

Дар мавриди худи Ӯзбакистон, ба гуфтаи Смитс, тарҳи ӯ мушаххас аст: Агар Тошканд сиёсатҳои худро дар баробари ҳуқуқи инсон тағйир надиҳад ва агар он таҳқиқи эътимодбахши байнулмилалии рӯйдодҳои Андиҷонро шурӯъ накунад, бар зидди Узбакистон таҳримҳои шабеҳ ба қарори марбутаи Иттиҳоди Аврупо эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG