Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони кории бетахассус ва сахтиҳои онҳо


Бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия нафароне ҳастанд, ки таҳсилоти олӣ ва ё касбӣ надоранд ва надоштани ихтисосу касбу ҳунар барои муҳоҷирони тоҷик ба як мушкилоти аслӣ табдил шудааст, зеро дар ин сурат онҳо маҷбуранд ба корҳои сиёҳу каммузд машғул шаванд.
Ҳарчанд вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират барои муҳоҷирон чандин давраҳои омӯзишии кӯтоҳ ташкил дода бошанд ҳам, аммо шумори андаки муҳоҷирон барои омӯхтани касбу кори мушаххас талош мекардаанд. Аммо коршиносон бо тавваҷӯҳ ба ин нукта, ки ҳамасола рақобат барои пайдо кардани ҷойи кор дар Русия пуршиддат мешавад, муҳоҷирони тоҷик маҷбур хоҳанд шуд, то касбу кореро аз бар кунанд.

Ба ин ҷумла панҷа бизанед ва гузоришеро вижаеро дар робита ба ин мавзӯъ бишнавед
XS
SM
MD
LG