Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Буш роҳи дипломатии ҳалли баҳси ҳастаии Эронро "аввалиндараҷа" номид


Президенти Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе, 9 май, роҳи ҳалли дипломатиро дар масъалаи бӯҳрони ҳастаии Эрон аввалиндараҷа ва аз ҳама муҳим унвон кард: "Роҳи аввалин ва роҳе, ки ба назари ман, дар мавриди Эрон кор меояд, роҳи дипломатист. Ман бовар дорам, ки мо ин корро тавассути дипломатия метавонем анҷом диҳем. Ҳама гуна талоши дипломатӣ бояд ҳадафи муштарак дошта бошад. Ва дар ин маврид ҳадафи муштарак, ҳамон тавре ки шумо гуфтед, ин аст, ки Эрон набояд соҳиби силоҳи ҳастаӣ ва ё соҳиби имконот барои сохтани силоҳи ҳастаӣ шавад." Ин баёнияи Ҷорҷ Буш як рӯз баъди ба Вошингтон расидани номаи ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод садо дод. Аҳмадинажод гуфта, ки номаи ӯ дидгоҳи мардуми Эронро мунъакис мекунад. Аммо Кохи Сафед мегӯяд, ки ба ин нома посухи расмие дода нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, нишасти дипломатҳо аз кишварҳои узви доимии ША СММ дар Ню-Йорк бидуни ахзи кадом тавофуқ бар сари тарҳи қатъномаи нави ША дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эрон ба поён расидааст. Тарҳи мазкур дар ғайри сурати қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Теҳронро низ пешбинӣ мекард. Аммо бино ба хабарҳо, Русияву Чин ба чунин наҳви бархӯрд бо Эрон мухолифат кардаанд.

Раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Алии Луриҷонӣ дирӯз дар Афини Юнон гуфт, пешниҳоди Маскав дар бораи таъсиси корхонаи муштарак ва дар қаламрави Русия ғанӣ сохтани ураниуми лозим барои Теҳрон ҳамчунон як роҳи эҳтимолии бурунрафт аз бӯҳрони кунунӣ боқӣ мемонад, вале баррасии ҷузъиёташ фурсати бештареро тақозо мекунад.

Манобеъи дипломатӣ мегӯянд, сегонаи аврупоии Олмону Фаронсаву Бритониё акнун дар садади таҳияи як тарҳи дигаранд, ки як силсила муҷозоту мукофотро барои Эрон пешбинӣ мекунад. Мукофот, албатта, дар сурати аз ғанисозии ураниум даст бардоштани Эрон ва муҷозот, агар Теҳрон аз қатъи чунин барномаҳояш ҳамчунон сар бипечад.
XS
SM
MD
LG