Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати OSCE аз Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, то ба мушкили ба гуфтаи созмон "нуфузи беш аз андозаи додситониҳо дар судури ҳукм, фасодкорӣ дар низоми додгоҳӣ расидагӣ" кунад. Дар баробари ин ду мушкил ба гуфтаи OSCE, дониши нокофии додрасҳои тоҷик доир ба меъёрҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ҳамчунон як мушкили умдаи қувваи қазоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Андрей Шугуров - муовини раҳбари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе дар ин бора ҳангоми як нишаст дар мавзӯи қувваи қазоии Тоҷикистон ибрози назар кардааст. Ҳамзамон бо ин Андрей Шугуров гуфтааст, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ислоҳи Қонунҳои Ҷиноӣ, Маданӣ (шаҳрвандӣ), тамдиди мӯҳлати фаъолияти додрасҳо ва пайвастани Тоҷикистон ба аксарияти санадҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон истиқбол мекунад.
Дар нишасти мазкур, ки бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳодияи Сиёсатшиносони Тоҷикистон баргузор шудааст, Қонуни кайфарии мурофиа, тақвияти мустақилияти Шӯрои Адлия, таъсиси институти омбудсмен дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Нигина Баҳриева - раҳбари Бюрои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки Тоҷикистон барои тақвияти низоми додгоҳӣ ва тақвияти мустақилияти он аз Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ва гузоришгари махсуси он дар умури мустақилияти додгоҳҳо як идда тавсия гирифтааст ва лозим аст, то ин тавсияҳо пазируфта шаванд.
Тибқи иттилои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои беҳбуди низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ҳозирони нишасти мазкур пешниҳодоте таҳия кардаанд, ки ба ҳукумати ин кишвар ироа хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қувваи қазоия дар ин кишвар комилан мустақил аст, аммо Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал чанде пеш гуфта буд, ки қувваи қазоия дар он кишвар сахт пойбанди ҳукумат мебошад.
XS
SM
MD
LG