Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши мушаки "Шоҳин-2" дар Покистон


Покистон аз озмоиши муваффақи як мушаки нави замин ба заминаш хабар дод. Ин мушак қобил ба бурдани ҷангафзорҳои сабуку сақил, аз ҷумла кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ба масофаи 2500 километр будааст.

Сарвазири Покистон Шавкат Азиз гуфт, Исломобод ба хотири таъмини сулҳи минтақа ба тақвияти қудрати ҳастаии худ ниёз дорад: "Имрӯз барои Покистон як рӯзи таърихӣ ва рӯзи хушбахтист, чунки бо шарофати азму талоши донимандони худ мо бори дигар мушкаи "Шоҳин-2"-ро бомуваффақият озмоиш кардем. Покистон як кишвари дӯстдори сулҳ аст ва мо мо дар минтақа хоҳони сулҳем. Аммо сулҳро қудрат таъмин мекунад ва аз ин рӯ, мо бояд қудрати муқаррарӣ ва ҳастаии худро боз ҳам тақвият диҳем. Ин саҳми мо ва саҳми кишвари мост ва иншоаллоҳ, мо тавассути ин сулҳро дар минтақа пойдор мекунем. "

Охирин бор Покистон озмоиши мушаки нави стротежиашро моҳи марти соли гузашта анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG