Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 11 ҷангии толиб дар Қандаҳору Ҳилмaнд


Нирӯҳои урдуи давлатии Афғонистон тайи чанд амалиёти алоҳида дар вилоёти ҷануби кишвар 11 ҷангии толибро ба ҳалокат расондаанд. 9 ҷангии толиб дар як задухӯрди шаби ҷумъа ба шанбе дар улусволии Паҷвойии вилояти Қандаҳор кушта шуда, 12 ҷангӣ, бо шумули чанд фармондеҳ дар ин амалиёт таҳти асорати урдӯи давлатӣ омадаанд. Нирӯҳои артишу пулис ҳамин тавр як пойгоҳи Толибонро дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилмонд ҳамла оварданд. Дар пайи 9 соати набард аз ин ҷо аҷсоди 2 толибро пайдо кардаанд.Ҳамлаи толибон ба як гурӯҳи пулис дар Боғрони Ҳилмонд 3 маъмури пулисро кушта ва якеи дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Дар ҳамин ҳол, ҷангиёни толиб гуфтаанд, ки дар ғайри сурати дар зарфи 24 соат, яъне то шоми якшанбе тарки Афғонистон кардани куллия шаҳрвандони Ҳинд, як гаравгони ҳиндуро, ки дар асорат даровардаанд, қатл хоҳанд кард. Ин гаравгон, ки муҳандиси телефонҳои мобайл аст, рӯзи ҷумъа дар роҳи байни Қандаҳору Кобул рабуда шуда буд.
XS
SM
MD
LG