Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бегонаситезӣ - варами саратони ҷисми Русия


Тайи чор моҳи соли равон дар Русия дар заминаи бадбинии миллӣ ва мазҳабӣ садҳо ҳамла сурат гирифта, 14 нафар кушта ва 92 тан захм ва осебҳои сангин бардоштаанд. Ин матлаб дар нишасти хабарии муштараки ҷамоъатҳои миллии тоҷикон ва арманиҳои муқими Маскав рӯзи панҷшанбе, 27 апрел дар қароргоҳи оҷонсӣ «Интерфакс» эълом гардид. Ин нишаст таҳти унвони «Хатари бегонаситезӣ ва миллатгароии ҷади» баргузор гашт.

Гавҳар Ҷӯраева бо намояндагӣ аз ҷамоъаи тоҷикони Маскав ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳар моҳ дар Русия аз 3 то 10 нафар муҳоҷири тоҷик ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгаро қарор мегиранд, қисме ҳалок мешавад ва гурӯҳе захмиву маҷрӯҳ.

Намояндаи ҷамоъаи арманиҳо Ара Абрамиён гуфт, тайи чор моҳи ахир дар Русия 6 нафар арманӣ кушта шудааст, ки ҳамаи онҳо табаъаи худи Русия ҳастанд, аз ҷумла Виген Абрамянси ҳафтдаҳсола, ки рӯзи 22 апрел кушта шуд. Ба эътиқоди Ара Абрамиён, яке аз иллатҳои аслии афзоиши бегонаситезӣ дар Русия беҷазо мондани гунаҳкорони кушторҳост, онгуна ки дар фоҷиъаи духтарабачаи тоҷик мушоҳида шуд.

Гавҳар Ҷӯраева дар афзоиши миллатгароӣ дар Русия ҳамчунин бархе аз расонаҳои хабарии Русия, ҷумла рӯзномаи «Московский Комсомолец» ва шабакаи аввали телевизиониро, ки моли давлат аст, муттаҳам кард . Вай аз хабарнигорон даъват кард, ки ҳамроҳ бо ҷамоъаҳои миллӣ на бар зиди скинхедҳо, балки бар зидди онҳое садо баланд кунанд, ки ҷавононро шӯр медиҳанд.

Гавҳар Ҷӯраева аз хабарнигорони башардӯсти рус даъват кард, барои муқобила ба бегонаситезӣ ҳамроҳ бо хабарнигорони мустақили кишварҳои муштаракулманофеъ созмоне ё маҳфиле ташкил намоянд. Муҳофизи ҳуқуқ аз ҷамоъаҳои миллии Русия даъват кард, дар барномаҳои фаъолияти худ, ки аслан фарҳангӣ аст, маъалаҳои марбут ба ҳуқуқи башарро ворид кунанд. то битавонанд, бо мақомоти ин кишвар ба гуфтугӯҳои мустақим бипардозанд.

Дар ҷараёни нишаст, эълом шуд, ки дар Русия беш аз 200 қавм ҷамоъаи миллии худро дорад. Шумораи арманиҳо 2 миллион гуфта шуд, ки ҳамаи онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд. Гавҳар Ҷӯраева шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ҳудудан як миллион нафар гуфт ва тавзеҳ кард, наздик ба 200 ҳазори онҳо тобеъияти Русияро дарёфт кардаанд.
XS
SM
MD
LG