Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури бемории сирояткунанда дар ноҳияи Файзобод


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод, 70-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, хуруҷи бемории сироятӣ, бо номи лейптоспироз мушоҳида шудааст. Бар асари ин беморӣ то имрӯз 15 сокини деҳаи мазбур бистарӣ шудаанд. Бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ, мегӯянд, бар асари ин беморӣ 3 сокини деҳа фавтидаанд. Аммо масъулини вазорати тандурустии кишвар, ин хабарро таъйид накарданд.
Дар бораи сабабҳои эҳтимолии зуҳури беморӣ Нигина Шарофова, муовини вазири тандурурстии Тоҷикистон мегӯяд: "Чанде пеш, бо пуштибонии молии бунёди Оғохон, дар ин мавзеъ қубурҳои обтаъминкунӣ насб шуда буд ва имкон дорад, занги дохили ин қубурҳо сабаби сирояти бактерияҳои лейптоспироз ба одамон шуда бошанд, зеро хуруҷи ин беморӣ дар ҳамон минтақаҳое ба мушоҳида расидааст, ки ин қубурҳои обгузар насб шудаанд."
Аммо Мизроб Амирбеков, намояндаи бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи беморӣ ба лулаҳои об робитае надошта, ба вазъи беҳдории ҳамон минтақа бастагӣ дорад."
Бино ба гуфтаи мутахассисони вогиршинос, пайдоиши ин беморӣ дар чанд сол як бор ба мушоҳида мерасад. Охирин мартаба бемории лейтоспироз аввалҳои солҳои 90 дар минтақаи ҷануби кишвар, ноҳияи Балҷувон ба мушоҳида расидaаст. Нигаред ба бахши гузоришҳо.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG