Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар нерӯгоҳи Норак


Як ҳодисаи нохуш дар нақби обпартои обанбори Нерӯгоҳи барқи обии Норак сабаби ҳалокати се корманди ин нерӯгоҳ шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, қазияи мазкур дар натиҷаи риоя накардани қавоиди бехатарӣ рух додааст. Бино бар хабари ин манбаъ, ба ҳини кори чаҳор корманди ин нерӯгоҳ дар тоннели обпартоӣ, мавҷи зиёди об берун зада се нафарро кушта ва як нафарро маҷрӯҳ боқӣ гузоштааст. Нафари ҷон ба саломат бурда айни ҳол дар бемористони шаҳри Норак дар муолиҷа қарор дорад. Пизишкон мегӯянд, ҳаёти ӯ зери хатар нест.
XS
SM
MD
LG