Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири умури хориҷаи Финландия ба Душанбе


Қарор аст, шоми имрӯз, 19 апрел, Эркки Туомио, вазири умури хориҷаи Финландия бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе шавад. Игор Сатторов, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, боздиди вазири умури хориҷаи Финландия аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як сафари давраии ӯ, ки рӯзи сешанбе аз Гурҷистон оғоз шудааст, сурат мегирад. Бино ба гуфтаи оқои Сатторов,аз рӯи барнома, дар назар аст,вазири умури хориҷаи Финландия дар нишасти муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон, ҳузур биёбад. Дар ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат меварзад ва ба порлумони кишвар паёми солонаи худро ироа хоҳад дошт. Ба дунболи ин, вазири хориҷаи Финландия бо Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон ва баъд аз зӯҳри фардо, бо Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Боздиди вазири хориҷаи Финландия аз Тоҷикистон як рӯз идома меёбад ва ба дунболи он, Эркки Туомио Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк хоҳад гуфт.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG