Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нав доир ба барномаи ҳастаии Ирон


Мақомоти панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар иловаи Олмон имрӯз дар шаҳри Маскав дар мавриди барномаи ҳастаии Ирон гуфтугу мекунанд. Намояндагони Бритониё, Чину Фаронса, Русия ва Олмон роҳҳои моил кардани Эрон ба хотима додани ғанисозии уран дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, иқдомоти ҷазоӣ ба мисли масдуд кардани ҳисобҳои бонкии Ирон ва маҳдуд сохтани сафарҳои мақомоти олирутбаи ин кишвар дар дастури кори нишасти имрӯза хоҳад буд. Рӯзи душанбе раиси Шӯрои Олии Амнияти Миллии Ирон Алии Лориҷонӣ гуфт, Ирон бо зургӯӣ ва таҳдидҳои Амрико фаъолиятҳои ғанисозии уранро муттавақиф нахоҳад кард.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз Ирон хостааст, то рӯзи 28 апрел тамоми фаъолиятҳои ғанисозии уранро муттавақиф кунад. Амрико Иронро муттаҳам мекунад, ки саъй дорад, силоҳи атомӣ бисозад, аммо Ирон мегӯяд, барномаи ҳастаии он танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG