Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як ширкати туркиро 8 млн $ товон баст


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо судури ду ҳалнома алайҳи ширкати туркии «Эмек иншоот» хостори рӯёнидани 8 миллион доллар аз сӯи ин ширкат ба нафъи ҳукумати шаҳри Душанбе шуд. Муродбегим Ширинҷонова, муовини аввали раиси додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, судури ҳалномаҳои додгоҳӣ бар асоси аризаи шикоёти идораи сохтмони ҳукумати шаҳри Душанбе ва дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон алайҳи ширкати «Эмек иншоот»-и Туркия сурат гирифтааст. Хонум Ширинҷонова гуфт, ширкати мазкур дар соли 2003 ғолиби озмуни эълом намудаи ҳукумати Душанбе барои бунёди як маҷмаъи замонавии фароғатӣ мавсум ба Аквапарк дар пойтахти Тоҷикистон гардид ва тибқи қарордод сохтмони ин маҷмаъро шурӯъ намуд.
Аммо ба гуфтаи муовини раиси додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, бар хилофи қарордод ширкати туркӣ умури сохтмониро мутаваққиф намуд ва аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Тибқи иттилоъи муовини раиси додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ширкати «Эмек иншоот»-и туркӣ ҳамчунин хилофи қарододи тарафайн бо дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон амал намуда, тааҳҳуди худ дар мавриди сохтмони як ҳавзи шиновариро низ иҷро накардааст.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар ин замина бо судури ҳалномаи алоҳида ширкати сохтмонии «Эмек иншоот»-ро муваззаф ба пардохти яку ним миллион доллар ба нафъи дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон намудааст. Хонум Ширинҷонова афзуд, дар посух ба судур ва ирсоли ҳалномаҳои додгоҳӣ ахиран додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон номаи расмии ҷониби Туркияро дарёфт намудааст ва қарор аст, дар рӯзҳои наздик намояндаи шаҳрдории Душанбе барои ҳамоҳангсозии қазия бо мақомоти Туркия ба ин кишвар сафар намояд. Ин дар ҳолест, ки сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ирсоли чунин нома изҳори беиттилоъӣ кард ва аз додани ҳар гуна маълумот дар ин замина худдорӣ намуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG