Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар даври ниҳоӣ


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба бозии ниҳоии Ҷоми Даъват (ё "Чолиш")-и Конфедератсиони футболи Осиё роҳ ёфт. Футболбозони тоҷик дар бозии ниманиҳоӣ шомгоҳи панҷшанбе, 13 апрел, дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и пойтахти Бангладеш -- шаҳри Дакка бар тими миллии Қирғизистон бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуда, шикасти бозии марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқотро аз ин даста талофӣ карданд. Ёдовар мешавам, ки дар бозии сабқати гурӯҳӣ тими Қирғизистон як ҳафта пеш дастаи Тоҷикистонро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дода буд. Ва аммо дар бозии ниманиҳоии имрӯз ҳарду голро нимҳимоятгар Юсуф Рабиев дар қисми дуввуми бозӣ ба самар расонд. Ӯ дар дақиқаи 51-ум ҳисобро боз кард ва дар охирин дақиқаи бозӣ голи дуввумро вориди дарвозаи дастаи Қирғизистон сохт. Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 16 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и шаҳри Дакка бо ғолиби бозии аввали ниманиҳоӣ -- дастаи мунтахаби Сри-Ланка рақобат мекунад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG