Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Бародеӣ бо мақомоти иронӣ дидор мекунад


Муҳаммад Бародеӣ, раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ (ОБЕҲ) гуфтугӯҳои худ дар бораи барномаи ҳастаии мавриди баҳси Ирон дар Теҳронро оғоз кардааст. Тайи ин сафар оқои Бародеӣ бо Ғуломризо Оқозода, муъовини раисиҷумҳурӣ ва раиси Созмони энержии атумии Ирон дидор мекунад. Вай ҳамчунин қарор аст бо Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Ирон дар умури ҳастаӣ мулоқоте дошта бошад ва бад-ин гуна ба дидори 24-соъатаи худ аз Ирон поён диҳад. Тайи ҳафтаи равон давлати Ирон эълом кард, ки донишмандонаш ба ғанисозии урониюм барои тавлиди сӯхти ҳастаӣ муваффақ шудаанд.
XS
SM
MD
LG