Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар тазоҳуроти Санкт-Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи сешанбе ба ёди донишҷӯи африқоӣ Ламзар Самб, ки ҳафтаи гузашта кушта шуд, гирдиҳамоии зиддифашистӣ баргузор гашт. Дар гирдиҳамоӣ донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург ширкат карданд.

Назари Мирзода, раиси созмони тоҷикони муқими Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тазоҳурот волидони Хуршеда Султонова, ки аз дасти миллатгароёни рус кушта шуда буд, низ ширкат доштанд:

«Дар ин тазоҳурот тақрибан беш аз 200 донишҷӯ ва муҳоҷирони тоҷик низ ҳастанд. Мо дар ин тазоҳурот ба унвони губернатор як муроҷиатнома хондем ва аз ӯ хостем, то дигар ба чунин кушторҳо дар Санкт-Петербург роҳ надиҳад.»

Гирдиҳамоӣ бо ибтикори ҷунбиши ҷавонон мавсум ба «Наши» ва донишҷӯёни хориҷӣ баргузор шуд. Дар таърих 11 апрел ҳамчун рӯзи озодии асирони лагерҳои фашистӣ ёд мешавад. Тазоҳургарон ҳазорҳо акси онҳоеро сари даст доштанд, ки фашистон дар солҳои ҷанг куштаанд.

Комиссари федеролии ҷунбиши «Наши» Василий Якименко мегӯяд: «Шаст сол пеш моро фашистон барои он мекуштанд, ки мо дигар будем. Имрӯз дар кӯчаҳои Санкт-Петрбург тоҷикон ва сенегалиҳоро барои он мекушанд, ки онҳо дигаранд. Бо ин тазоҳурот мо ба он ҳайъати мунсифа ва ҳам ба он намояндагони мақомот, ки қатли духтарбачаи нӯҳсолаи тоҷикро авбошӣ мешуморанд, ҳушдор медиҳем, ки ин фашистон аз он фашистҳо ҳеҷ фарқе надоранд.»

Дар ҳошияи баргузории гирдиҳамоии зиддифашистӣ додгоҳи Санкт- Петербург хабар додааст, ки бо иттиҳоми куштани Ламзар Самб як сокини 28-солаи шаҳр боздошт шудааст. Бино ба бозрасии муқаддамотӣ донишҷӯи сенегалӣ дар замини бадбинии миллӣ кушта шудааст. Ламзар Самб, шаҳрванди кишвари африқоии Сенегал, донишҷӯи соли ахири донишгоҳи мухобироти Санкт-Петербург субҳи 7 апрел аз тири туфанг кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG