Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи барчидани силоҳҳои марговар


Дар нимаи дуввуми моҳи апрел минрӯбҳои тоҷик амалиёти густардаи безараргардонӣ ва барчидани минаҳоро дар манотиқи таҳти хатар шурӯъ хоҳанд кард. Парвиз Мавлонқулов, муовини раиси Маркази миллии минрубии Тоҷикистон гуфт, як гурӯҳи минёбҳои тоҷик ба поксозии минтақаи атрофи як сарбанд воқеъ дар ноҳияи Панҷ, 200 километрии ҷануби Тоҷикистон шурӯъ кардаанд.
Оқои Мавлонқулов гуфт, минтақаи мазкур аз тарафи марзбонони Русия замоне, ки муроқибати марзро бар ӯҳда доштанд, мингузорӣ шудааст. Ва бо фарорасии баҳор ва оғози кишт мақомоти ноҳия тақозо кардаанд, ки ҷиҳати таъмири сарбанд ин минаҳо барчида шаванд.
Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои минаҷӯи Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ барои шурӯъи амалиёти густарда дар маркази омӯзишии Лоҳур, 30 километрии пойтахти Тоҷикистон давраи омӯзишӣ ва омодагӣ мебинанд. Бино ба иттилои Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон, қарор аст, дар наздиктарин фурсат дашти Язғулом, воқеъ дар ноҳияи Ванҷи минтақаи Бадахшон аз вуҷуди минаҳо поксозӣ шавад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG