Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сеул Пекинро баррасӣ карданд


Ҳайати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев дар понздаҳумин Ассамблеяи кулли кумитаҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ширкат кард. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ассамблея 500 вакил аз 202 кишвари олам, минҷумла 120 раиси кумитаҳои миллии олимпӣ иштирок доштанд. Вай афзуд: «Дар ассамблея бештар ба ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Ҳангоми мулоқоти Баҳрулло Раҷабалиев бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге масъалаи ҳамкории мутақобила ва ширкати Тоҷикистон дар барномаҳои КБО баррасӣ гашт.»
Ба гуфтаи Фарид Солеҳов, ҳамчунин Кумитаи байналмилалии олимпӣ масъалаи стипендия ё моҳонаи олимпии варзишгарони тоҷикро ҳал намуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG