Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарнамоии Лайло Фуруҳар дар Тоҷикистон


Овозхони шинохтаи эронӣ Лайлои Фуруҳар, рӯзи 7 апрел вориди пойтахти Тоҷикистон,шаҳри Душанбе шуд.
Тибқи барномаи сафари хонум Лайло ба Тоҷикистон қарор аст, мухлисон ва ҳаводоронаш нахустин барномаи ҳунарии ӯро баъд аз зуҳри имрӯз, 8 апрел дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе тамошо кунанд.
Рустам Ҷониев,яке аз масъулини созмондиҳандаи сафари ҳунарии Лайлои Фуруҳар ба Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт хонум Лайло ҳамчунин қарор аст дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа ва шаҳри Кулоб,200 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон низ консертҳои ҷудогона иҷро намояд.
Сафари ҳунарии овозхони шинохтаи эронӣ Лайло Фуруҳар тибқи барнома қарор аст дар Тоҷикистон, то 14 апрел идома ёбад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG